Jump to content

Гилмоя

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Гилмоя — навъи гил, ки дар кошикорӣ истифода шавад.

Беҳтарин навъи гилмоя аз оташфишониҳои зери баҳру уқёнус ба вуҷуд меояд, ки зоҳиран ба собун шабоҳат дошта, дар гармӣ зуд шах мешаваду ба санг табдил меёбад. гилмояе, ки дар ҳудуди Осиёи Марказӣ аз он истифода мешуд, бо тамоми хусусиятҳояш аз гилмояи зериобӣ камӣ надорад. Кошикорони мамлакатҳои Шарқ аз қадим ин масолеҳро аз ноҳияҳои Самарқанд (Чӯпонота), Панҷакент (деҳаҳои Амондара ва Ёрӣ), Исфара, Бадахшон (деҳаҳои Шохдара ва Пиш), Кӯлоб (Даштиҷум) ва дигар минтақаҳо ба даст меоварданд. Устоҳо ҳини коркарди гилмоя, барои боз ҳам сахттару маҳкамтар шудан ба он мӯи ҳайвон (маъмулан мӯи буз) ва намакхок (маводди минералӣ, оксидҳо ва ғ.) ҳамроҳ мекарданд. Сипас гилмояҳои тайёршударо дар қолибҳо рехта, ба хумдонҳои яктарафаву дутарафа мегузоранд ва дар ҳарорати ниҳоят баланд мепазанд; баъд ба рӯи ҳар пораи сафоли ҳосилшуда сир медавонанд.

  • Рӯзиев М. Декоративно-прикладное искусство таджиков. Д., 2003