Гилсобун
Гилсобун, гили саршӯӣ, гили гозурон, гили ҷаъдсой, гили ҷомашӯӣ, гили таншӯйӣ — навъе аз гили сафед. Дар гузашта барои шустани сару тан ва либос ба кор мерафт. Дар ин бобат Шайх Саъдӣ гуфта:
Гили хушбӯй дар ҳаммом рӯзе
Расид аз дасти маҳбубе ба дастам.
Бад-ӯ гуфтам, ки мушкӣ ё абирӣ,
Ки аз бӯи диловези ту мастам...!
Саршӯйро дар баъзе ноҳияҳои кӯҳистони Тоҷикистон занон имрӯз низ истифода мебаранд, зеро он сабӯсакро нест ва хориши баданро бартараф мекунад, барои бемориҳои занбӯруғии сар ва шукуфаи пӯст нофеъ аст. Г. аз рӯи хосиятҳои табииву кимиёӣ ба бентонитҳои ишқорӣ ё натрийдор мансуб мебошад. Дар сурати ба об андохтан ҳаҷми Г. 8-10 баробар меафзояд. Аз ин рӯ он эмулгатори аъло буда, собунро хушсифат мегардонад. Г. барои истеҳсоли анвои гуногуни собунҳои тиббӣ (қатронӣ, карболӣ ва ғ.), ки барои табобати бемориҳои пӯст ва гандзудоӣ (дезинфексия) фаровон истифода мешаванд, ашёи хоми пурбаҳост.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Халифаев Д., Ҳоҷиматов М. Гил ва гилдавоӣ. Д., 2002.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гилсобун / Д. Халифаев // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.