Гилтокӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Гилтокӣ (англ. Ampelitis), гили ток, гилдору, тинулкарм, тини кирмӣ, хоктокӣ, асолитус — навъи гил.

Рангаш ангиштмонанди сиёҳтоб. Таркибаш аз қир (битум) иборат аст. Аз давраҳои хеле қадим маълум буда, ҳанӯз дар замони Дисқуридус (Диоскорид) онро бар зидди зараррасонҳои боғу токзор истифода мебурданд. гилтокӣ-ро Дисқуридус «фармоқитус», яъне, гили доруӣ номидааст; ба навдаи ток молидани он кирми токро, ки «чашм», яъне, муғҷаи гулро мехӯрад, нобуд месозад. Ба қавли Абурайҳони Берунӣ, «тинулкарм» ҳамон гилест, ки онро ба навдаи ток бимоланд, то кирми онро бикушад. Берунӣ аз қавли Ҷолинус оварда, ки «баъзеҳо гили токро гили доруӣ ё давоӣ, ё гилдору гӯянд аз он боист, ки шояд хосияти шифоии он бештар аст». Мувофиқи маълумоти «Бурҳони қотеъ»-и Муҳаммад Бурҳон, «Асолитус… ба юнонӣ гилест, ки онро ба арабӣ тини кирмӣ хонанд ва он гиле бошад сиёҳранг ва онро тини кирмӣ аз он ҷиҳат гӯянд, ки дар аввали барг баровардани дарахти ангур аз он гил ба дарахт моланд, то кирме, ки барги онро мехӯрад, барги онро нахӯрад ва чашмҳои токро табоҳ накунад». Ба қавли Ибни Сино, гилтокӣ «хушкиовари безарар ва андаке сардиовар мебошад. Ҳамчун ҷузъи сурмаи мижгон ва хизоби мӯю абру кор ояд. Агар аз ин гил биошоманд, кирмҳоро ва морҳои андар рӯдагон бударо бикушад». Дар гузашта гилтокӣ барои муолиҷаи ҷароҳати шутурҳо низ кор фармуда мешудааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Халифаев Д., Ҳоҷиматов М. Гил ва гилдавоӣ. Д., 2002.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]