Гилҷазб

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Гилҷазб, гилҳои адсорбӣ — анвоъи гиле, ки дар сатҳи худ моддаҳои гуногунро нигоҳ медоранд.

Гилҷазбҳои табиӣ маводди маъдании хока буда, дар ҳолати хушкӣ омехтаи моддаҳои номатлубро аз равғанҳои рустанӣ, ҳайвонӣ ва маъданӣ дур месозанд. Яке аз чунин гилҷазбҳои табиӣ гумбрин аст, ки кони он соли 1916 дар деҳаи Гумбрин (Гурҷистон) ёфт шудааст. Гумбрин барои софкории маҳсулоти нафт истифода мешавад. Хосияти баъзе гилҷазбҳо фақат дар сурати фаъол гардонидани онҳо афзун мегардад. Чунончи, хосияти ҷазбии гили қримӣ (дар Қрим пайдо кардаанд) дар табиат хеле заиф аст, аммо баъди онро бо HCl фаъол сохтан хеле зиёд мешавад. Дар таркиби гили қримӣ 70-72 % регшиша (SiO2) мавҷуд аст. Бино ба маълумоти олимон дар раванди фаъолсозӣ, ки бо истифода аз кислотаҳо сурат мегирад, як миқдор Al2O3, MgO ва СаО ҳал гашта, дар натиҷа миқдори регшиша меафзояд. Бентонитҳо низ гилҳои ишқорӣ ва ишқорзаминӣ буда, хосияти хуби ҷазбӣ доранд. Онҳо назар ба дигар гилҳо дар ҳарорати пасттар (1200—1300°С) гудохта мешаванд ва таркибашон асосан аз MgO, СаО ва ишқор иборат аст. Охири асри 19 дар Гурҷистон ин қабил гилҳо барои пок кардани равғани пашм истифода мешуд. Олими шӯравӣ С. С. Филатов асканит ном маводди ҷазбӣ ҳосил кард, ки дар ИҶШС хеле машҳур буд. Онро солҳои пеш ба Тоҷикистон низ меоварданд.

Гилҷазбҳо барои софкории равған, май ва об муҳимманд. Тавассути маводди ҷазбӣ (адсорбӣ) дур кардани тирагии равған аз замонҳои пеш маълум буд. Одамон дар ибтидо равғанро тавассути ангишти устухон соф мекарданд. Баъдтар ба онҳо хосиятҳои гилҷазб маълум гаштанд. Акад. А. Е. Ферсман ҳамаи гилҷазбҳоеро, ки барои софкории равған истифода мешаванд, ба ду гурӯҳ ҷудо намудааст: гилҳои фаъол (флоридинӣ) ва гилҳои ғайрифаъол. Яке аз гилҳои фаъоли муҳим гумбрин аст. Гили кони Каттақӯрғон, ки А. Л. Маркман ва дигарон таҳқиқ кардаанд, баъди фаъол сохтан бо кислотаи сулфати 10-фоиза равғани хеле тира (26 воҳиди рангӣ)-ро то дараҷаи навъи 2 (16 воҳиди рангӣ) ва равғани нисбатан соф (19,5 воҳиди рангӣ)-ро то дараҷаи навъи 1 соф мекунад. Бино ба маълумоти мутахассисон, барои софкории равғани пунбадона гилҷазби конҳои Азкамар ва Шӯрсу аҳаммияти бештар дорад.

Барои софкории май гилҷазбҳоеро истифода мебаранд, ки коллоиднокиашон аз 99 % кам нест. Гилҷазб хусусан барои софкории майи меваҷот хуб аст. Чунин май муддати зиёд софу ноб боқӣ монда, бӯи хуш ва таъми гуворо пайдо мекунад. Барои софкории май аз бентонитҳои сафеди Азкамару Қароқушхон ва бентонити сабзи Келас (Ӯзбекистон), аскангел ва гили конҳои Монраку Кингирак (Қазоқистон) истифода мешавад. Захираи гил дар Тоҷикистон низ бисёр аст. Олимони тоҷик аз солҳои 70 асри 20 ба омӯзиши гилҷазбҳои ҷумҳурӣ машғуланд. Дар натиҷа дар қисми ҷанубу ғарби Тоҷикистон (Кофарниҳон, минтақаҳои Вахшу Қизилсу, Ҳисору Қаротегин) тақр. 30 кони гил ошкор гашт, ки аксари онҳо қобилияти ҷазбандагӣ доранд. Бино ба маълумоти акад. Р. Баротов, кони гилҷазбҳо дар ноҳияҳои Исфара ва Конибодом низ ёфт шудаанд. Хосияти ҷазбии гилҳои Тоҷикистон дар корхонаи майкашии «Шаҳринав» мавриди пажӯҳиш қарор гирифт. Сараввал шарбатҳои гуногуни мева, майҳои «Шаҳринав», «Портвейн», «Помир» ва «Майи сурхи ширин» санҷида шуданд. Маълум гашт, ки хусусияти ҷазбии гилҳои Шаршар, Топкок, Султонобод ва Даштибед аз гилҳои Гурҷистон фарқ надорад. Дар софкории май ҳамчунин аз гилҳои «Қаротоғ 879», «Даштибед 948», «Қизимчек», «Истамтоғ» ва ғ. истифода кардан мумкин аст. Гилро барои софкории об низ муфид медонанд. Ба гуфтаи Ибни Сино, агар ба оби кибритӣ (гӯгирддор) гили арманӣ ё гили махтум андохта, онро бо сирка бинӯшанд, зарараш шикаста мешавад. Табибони гузашта зикр кардаанд, ки як миқдор маъдан дар об муфид ва ҳам зараровар аст. Бинобар ин, дар зарфҳои мисин нигоҳ доштани маҳсулоти шӯр, талх ва равғанӣ (гӯшт, чарбу, равған ва ғ.), ҳамчунин ғизоҳои турш ё ширин ҷоиз нест, зеро дар ин маврид метавонад зангор падид ояд, ки он заҳрнок аст. «Агар об оҷомӣ, ё кибритӣ, ё шиббӣ, ё нуҳосӣ, ё занҷорӣ, ё зернихӣ, ё агар дар он як миқдор аз маъодин бошад, — менависад Ибни Сино, — навъҳои гуногуни касалиро боқӣ мегузорад». Аз ин рӯ, гилҷазбҳо дар ҳолати табиӣ метавонанд ҳамчун маводди дурдабанд (коагулянт) обҳои тираро соф гардонанд. Ионҳои филиззоти обро гилҷазбҳои фаъол беҳтар ҷазб мекунанд. Бино ба маълумоти олимони Институти химияи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз партобҳои истеҳсолӣ тавассути гилҷазб ионҳои филиззоти вазнин (хром, манган, кобалт, оҳан, стронсий, иттрий, кадмий, сурма, барий, сезий, висмут)-ро метавон ҷазб кард. Гил (бентонит)-ҳои Оқсу ва Шаршар ионҳои филиззоти хром ва руҳро аз оби равони корхонаи яхдони «Помир» ва обрасонҳои ш. Душанбе ҳангоми тақр. 8 будани pH-и маҳлул батамом ҷазб намуданд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Батталова Ш., Дуймагамбетова С. Д. Обработка вин некоторыми бентонитами Казахстана. М., 1970;
  • Мирзоев В. ва дигарон. Получение коагулянтов для очистки питьевых и промышленных сточных вод из алюминийсодержащих руд Таджикистана.//Докл. АН РТ, 1995. Т. 38, № 5-6;
  • Сафиев Х. ва дигарон. Сернокислотное разложение каолиновых глин Таджикистана.//Докл. АН РТ, 1995. Т. 38, № 5-6;
  • Кариев А. Р. ва дигарон. Таджикские бентониты — прекрасные осветлители вин Душанбе.// НПИ Центр, № 65-96. Д., 1996.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]