Jump to content

Гилҷоӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Гилҷоӣ — зоти қадимии гӯсфанд. Ба гурӯҳи гӯсфандони гӯшту пашму равғандеҳ мансуб аст. Рангаш асосан сафед; баъзан сиёҳ ва сурхча низ мешавад. Вазни қӯчқораш 45-50, мешаш 35-40 кг. Пашмаш дурушт (дарозиаш 20-25 см) ва нимдурушт (дарозиаш 40 см); соле ду бор (баҳор ва тирамоҳ) метарошанд (2-2,2 кг пашм медиҳад). Гилҷоӣ ба шароити иқлимаш гарми биёбону нимбиёбон ва чарогоҳҳои кӯҳӣ нағз мутобиқ шудааст. Асосан дар Афғонистон парвариш меёбад.