Гиранг

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Маҳалли аҳолинишин
Гиранг
Кишвар  [[|]]
Таърих ва ҷуғрофиё

Гиранг (форсӣ: گیرنگ‎) — шаҳре аз навоҳии Марв, ки дар соҳили дарёи ҳамномаш қарор доштааст.

Дар маъхазҳои асримиёнагӣ Гиранг бо номҳои арабишудаи Ҷиранҷ, Ҳиранҳ низ ёд шудааст. Дар мавриди вусъати Гиранг байни таърихнигорон ва ҷуғрофиёнависон ихтилофи назар ба чашм мерасад. Аз ҷумла муаллифи «Ҳудуду-л-олам» Гирангро шаҳри хурд ё шаҳрак, Гардезӣ яке аз деҳҳои бузурги Марв зикр кардаанд. Ба қавли Ёқути Ҳамавӣ Гиранг қабл аз ҳамлаи муғул хеле ободу сернуфус будааст. Гиранг дар даҳфарсахии Марв мавқеият дошт.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Сомониён дар оинаи таърих. Ҷ. 1. Хуҷанд, 1998;
  • هخدا. لغت نامه. جلد ۳۹. تهران، ۱۳۳۵ ش.؛
  • حدود العالم‌ من المشرق الی المغرب/ به کوشش منوچهر ستوده. تهران، ۱۳۴٠ ش.؛
  • اصطخری. مسالک و ممالک/ به کوشش ایرج افشار. تهران، ۱۳۷۳ ش.ر

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]