Jump to content

Гирифт

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Гирифт (англ. Eclipse), хусуф ва кусуф (ар. خسوف و کسوف‎) — рухдоде дар ахтаршиносӣ, ки дар натиҷаи он ду ва ё зиёда аз он ҷирмҳои осмонӣ дар як хатти рост хобида, яке равшании ҷирми дигарро пинҳон мекунад (мас., гирифти Офтоб ва Моҳ, сайёраҳо, радифони сайёраҳо ё ситораҳо).

Сабаби гирифт сатҳи як ҷирмро пӯшидани ҷирми дигар ё афтодани сояи як ҷирм ба болои ҷирми дигари осмонист. Гирифти Офтоб ҳангоми рӯи онро пӯшидани Моҳ, гирифти Моҳ ҳангоми ба сояи Замин дохил шудан, гирифти радиф ҳангоми ба сояи сайёра дохил шудан, гирифти ситораҳои дугона дар мавриди рӯи якдигарро пӯшидани онҳо мушоҳида мешавад. Ҳодисаҳои дигари гирифт, мас., гузашти сайёраҳо (Уторид ва Зуҳра) аз назди қурси Офтоб, радифҳо аз назди сайёра, сайёраҳо аз назди ситораҳо, сайёраву, ситораҳоро пӯшидани Моҳ ҷой доранд. Дар ҳолати дар ҳамвории эклиптика хобидани мадори Моҳ бояд ҳар моҳ (дар 29,53 шаборӯз) як маротиба гирифти Моҳ (ҳангоми моҳи бадр) ва як бор гирифти Офтоб (дар моҳи нав) мушоҳида мешуд. Дар асл тамоюли мадори Моҳ нисбат ба ҳамвории эклиптика тақр. 5°-ро ташкил медиҳад, пас, барои гирифт бояд моҳи бадр ё моҳи нав аз назди яке аз гиреҳҳои мадор (яъне аз назди нуқтаи буриши мадор ва эклиптика) гузарад. Чунин ҳолатҳо аҳёнан, вале мунтазам рух медиҳанд ва ин сабаби ҳар моҳ мушоҳида нагардидани гирифт мебошад. гирифти Моҳ ва Офтоб даврияти аниқи худро доранд, ки он ба 6585,32 шаборӯз ё 18 солу 11 шаборӯзу 7 соату 42 дақиқа баробар аст ва онро сарос меноманд.

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]