Jump to content

Гиромии Кашмирӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Гиромии Кашмирӣ

Мирзо Гиромии Кашмирӣ (форсӣ: گرامئ کشمیری‎; ? — 1740, Деҳлӣ) — шоири форсизабони Ҳиндустон, писари Мирзо Абдулғанӣ Қабули Кашмирӣ.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Падараш Қабули Кашмирӣ аз шоирони машҳури Кашмир ва аз шогирдони Мирзо Дороббек Ҷӯёи Кашмирии Табрезӣ аст. Суфиманиш буд. Бо намояндагони тамоми мазоҳиб рафоқат дошта, дар Деҳлӣ қаландарона мезист. Аз баъзе абёти девонаш бармеояд, ки аз пайравони тариқати қодирия будааст. Забони ашъораш, сабки нигоришаш содаву равон, ба фаҳму зеҳни мардум қарибу ошно буд. Таърихи фавти ӯро дар мисраи «Ринде аҷибе аз ин ҷаҳон рафт» — 1156 ҳ. қ., баробари 1740 м ёфтаанд. Нусхаи девонаш иборат аз 750 байт зери рақами 619 дар Китобхонаи миллии Порис нигаҳдорӣ мешавад. Ашъораш аз ғазал, қасида ва рубоӣ иборат буда, дар ҷое иродаташро ба Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ баён кардааст:

Ман ба доми Мавлавӣ Румӣ шудам,
Масти ҷоми Мавлавӣ Румӣ шудам.

Ин абёт аз ӯст:

Ҷабин аз ҷӯши май субҳи намоён аст, пиндорӣ,
Сафои оразаш хуршеди тобон аст, пиндорӣ.

Хуни ушшоқ бар он гардани симин бошад,
Чун баёзе, ки дар ӯ маънии рангин бошад.

  • دانشنامۀ ادب فارسی. ادب فارسی در شبه قاره (هند، پاکستان، بنگلدش)، جلد ۴. بخش ۳. تهران ۱۳۸۰ هـ. ش.؛
  • صفا ذبیح الله. تأ ریخ ادبیات در ایران، جلد ۵\۲. تهران، ۱۳۶۶ هـ. ش.؛
  • علیقلی والۀ داغستانی. تذکرۀ بی نظیر. تهران، ۱۳۹۰.هـ. ش.ر