Гитара

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Гитараи русӣ

Гитара (аз юн. Kithara-кифара, ситра) - сози мусиқии торӣ, ки ба гурӯҳи созҳои удмонанд мутаалиқ аст. Бо нохун ё мизроб навохта мешавад. Он аз қуттии садобарории мудаввари дарозрӯя иборат буда, ду тарафи паҳлӯяш ба шакли камон ба дарун фурӯхамида аст ва ба қисми болоии он дастаи дарозу васеи пардаҳои филиззидор (одатан 19 – 24 парда) пайваст шудааст. Рӯйи қуттии Гитара сӯрохи гирди садобарор дорад. Ба Гитара аввалҳо зеҳ мекашиданд, баъдтар торҳои филиззӣ ва сунъиро истифода мебурдагӣ шуданд. Дар асри 13 дар Испания Гитарае машҳур гардид, ки 4 тори ҷуфт дошт. Дар асри 17 дар Италия ва диг. мамлакатҳои Европа, инчунин Америка Гитараи 5-тора (ҷуфт) бо номи «Гитараи испанӣ» маъмул шуд. Гитара дар Европа махсусан дар миёнаи а. 18 машҳур гардид. Дар ин давра ба ҷойи 5 тори ҷуфт 6 тори яккаро истифода мебурдагӣ шуданд. Дар нимаи дуюми асри 18 дар Россия ва Полша истифодаи Гитараи 7-тора («Гитараи русӣ») ба расмият даромад. Гитараи 7-тораи русӣ бо «ре», «сол», «си»-и октаваи калон, «ре», «сол», «си»-и октаваи хурд ва «ре»-и октаваи якум ҷӯр шуда, дастааш 19 пардаи филиззӣ дорад. Нотаҳояш дар мифтоҳи (калиди) скрипка сабт шуда, аз навишт як октава паст садо мебарорад. Диапазонаш аз «ре»-и октаваи калон то «ре»-и октаваи хурдро дар бар мегирад. Баъдтар Гитараҳои бисёртора (ба торҳои иловагии басӣ) маъмул гардиданд. Гитараҳои андозаашон хурд (Гитараи терсия, Гитараи кварта) низ мавҷуданд. Гитара ҳамчун сози якканавозӣ ва ҷузъи ансамбли камеравӣ истифода мешавад. Аксар барои ҳамовозӣ мавриди сурудхонӣ ба кор мебаранд. Дар як қатор мамлакатҳо чун сози халқӣ эътироф шудааст. Барои Гитара скрипканавози машҳур Н. Паганини ва композиторони машҳури асри 20 М. де Фаня (Испания), Э Вила Лобос (Бразилия) ва диг. асарҳо навиштаанд. Дар байни гитаранавозони барҷастаи ҷаҳон номҳои М. Ҷулиани (Италия), Ф. Сор, Ф. Таррега, А. Сеговия (Испания), М. Л. Анидо (Аргентина), А. О. Сихра, М. Т. Висотский, М. Д. Соколовский, А. Иванов - Крамской (Россия) машҳур аст. Дар а. 20 чанд навъи Гитараи (гавайӣ ва ҷазӣ)-ро ихтироъ карданд. Ҳангоми навохтани Гитараҳои гавайӣ ва ҷазӣ аз қувватафзои барқӣ истифода мекунанд. Гитара дар мусиқии миллӣ ва эстрадии тоҷик с - ҳои 40 – 50-уми асри 20 ворид шуд ва имрӯз яке созҳои дӯстдоштаи ҷавонон буда, дар ҳамаи ансамблу гурӯҳҳои эстрадӣ истифода мешавад.

Адабиёт[вироиш]

  • Музыкальный энциклопедический словарь, М., 1990.

Манбаъ[вироиш]

Энсиклопедияи Советии Тоҷик Мақола дар асоси маводи Энсиклопедияи Советии Тоҷик навишта шудааст.