Захма


Захма (форсӣ: زخمه), мизроб, шикофа — олате, ки барои навохтани созҳои тории захмаии мусиқӣ истифода мешавад.
Тавсиф
[вироиш | вироиши манбаъ]Тавассути захма ба торҳои созҳои мусиқӣ зарба зада, аз онҳо садо мебароранд (садои табиии симҳо). Захмаро аз чӯб, филиз ё устухон месозанд. Мутриб ҳангоми навохтани созҳои танбӯр, барбат (уд), сетор, тор, сантӯр, рубоб асосан аз захма истифода мекунад. Аҳли мусиқӣ имрӯз ба ҷои захма бештар вожаи арабии мизробро ба кор мебаранд.
Дар адабиёти таърихию адабӣ ва назарии мусиқӣ вожаи захма хеле фаровон ва ба маъноҳои гуногун истифода шудааст:
Рубоби Борбад шуд сеҳрпардоз,
Ба захма чун чаконид аз раги соз.
Захма бар тори раги ҷон мезад,
Кас чӣ донад, чӣ дастон мезад.
Дар баъзе манбаъҳои хаттӣ захма ба сифати навъи таснифи суруд омадааст, яъне аз қисмҳои ёздаҳгонаи таснифҳо қисми даҳум захма ном дорад;
Як қитъаи оҳанги бематн, ки чун замимаи Пешрав иҷро карда мешавад. Хоҷа Абдулқодири Гӯянда дар «Ҷомеъу-л-алҳон» гуфтааст: «Аммо захма ва он мисли як хонаи Пешрав бошад ва дар он гоҳ бошад, ки шеър дароваранд, чун дар он шеър дароваранд, онро «ҳавоӣ» хонанд ва илло мисли як хонаи Пешрав бошад».
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Захма / А. Раҷабов // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.