Глазов
Зоҳир
Маҳалли аҳолинишин | |||||
удм. Глаз русӣ: Глазов русӣ: Глазово | |||||
|
|||||
Кишвар | [[|]] | ||||
Таърих ва ҷуғрофиё | |||||
Аввалин номбарӣ | 1678 | ||||
Масоҳат | 60 км² | ||||
Баландии марказ | 150 м | ||||
Минтақаи замонӣ | UTC+4 | ||||
Аҳолӣ | |||||
Аҳолӣ | 93 995 тан | ||||
Зичӣ | 1362,25 тан/км² | ||||
Шиносаҳои ададӣ | |||||
Пешшумораи телефон | +7 34141 | ||||
Нишонаи почта | 427620–427649 | ||||
glazov-gov.ru(рус.) | |||||
|
|||||
Парвандаҳо дар Викианбор |
Глазов — шаҳрест дар Русия, маркази маъмурии ноҳияи Глазови Ҷумҳурии Удмурдистон. 180 км шимолтари шаҳри Ижевск, дар соҳили дарёи Чепса (шохоби дарёи Вятка) воқеъ гардидааст.
Истгоҳи роҳи оҳании Киров — Перм. Аҳолиаш 94,6 ҳазор нафар (2015). Соли 1780 бунёд шудааст. Дар асри 19 маҳалли бадарғаи маҳбусони сиёсӣ буд. Дар панҷсолаи пеш аз ҷанг ва солҳои ҶБВ дар Глазов саноат тараққӣ кард. Глазов и имрӯза маркази филиззкорӣ (металлургия)-и ранга мебошад; сабика ва ғурӯшаи калсий, хӯлаи магнию калсий, сихи сирконий, уран истеҳсол мекунанд. Мошинасозӣ ва коркарди филиззот, истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ, шиша, сафолӣ, соҳаҳои саноати коркарди чӯб, сабук ва хӯрокворӣ тараққӣ кардаанд. Институти педагогӣ ва осорхонаи кишваршиносӣ дорад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Глазов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.