Jump to content

Глаукофан

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Глаукофан
Глаукофан
Формула Na2Mg3Al2(OH)2[Si8O22].
Примесь марганец
Физические свойства
Цвет Темно-синий, бесцветный
Твёрдость 5,5—6,5
Спайность Несовершенная по {101}
Плотность 3,1—3,3 г/см³
Сингония Моноклинная

Глаукофан — минерал, формулаи кимиёияш Na2Mg3Al2(OH)2[Si8O22].

Таркиби кимиёияш тағйирёбанда ва ба антинолиту горнбленд гузаранда. Сохтори кристаллбандиаш моноклинӣ. Кристаллҳояш сӯзаншакл, сутунчаӣ. Агрегатҳояш донадор, нахмонанд. Рангаш кабуди хокистарӣ, кабуди моил ба бунафш, сиёҳи кабудтоб. Ҷилояш шишаӣ, абрешимӣ. Хокааш беранг ё кабуди паст. Сахтиаш 6. Вазни хоссаш 3,1-3,4. Глаукофан минерали маъмули баъзе навъҳои варақсангҳои кристаллӣ (мас,. варақсангҳои микоӣ, магнетит-амфиболӣ, глаукофанӣ), метасоматитҳои албитӣ, кварситҳои оҳандор ва дигар сангҳо мебошад. Ҳамроҳ бо эпидот, соизит, мусковит, амандин вомехӯрад. Дар конҳои Бретан (Фаронса), Тсерматт (Швейсария), Канто (Ҷопон), Шубинское (Урали Ҷанубӣ), Кривой Рог (Украина), нимҷазираи Апшерон (Озарбойҷон) ва дигар ҷойҳо дучор меояд.

  • Ҷанобилов М. Минералогия. Д., 2011.