Jump to content

Гликоген

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Гликоген
Общие
Хим. формула C₂₄H₄₂O₂₁
Таснифот
Рег. номер CAS 9005-79-2
PubChem
Рег. номер EINECS 232-683-8
SMILES
InChI
ChEBI 28087
ChemSpider
Приводятся данные для стандартных условий (25 °C, 100 кПа), если не указано иного.

Гликоген (аз глюкоза ва...ген), (C6H10O5)n, — крахмали ҳайвонӣ, карбогидрати асосии ҳайвонот, одам, баъзе бактерия ва хамирмояву занбӯруғҳо.

Массаи молекулааш 105–107. Хокаи сафеди аморфист; дар об ҳал шуда, маҳлули коллоидӣ ҳосил мекунад. Гликоген дар таркиби ҳуҷайраҳо мавҷуд аст. Миқдори он хусусан дар ҷигар (3–5%) ва мушакҳо (0,4–2%) бисёр мебошад.

Гликогенро соли 1857 физиологи фаронсавӣ К. Бернар дар таркиби ҷигар ошкор кардааст. Гликоген гомополисахарид буда, аз 6–20 ҳазор (баъзан бештар) боқимондаи α- D-глюкоза иборат аст. Гликоген сохтори сершоха дошта, дарозии миёнаи силсилаи бешохааш аз 10–14 боқимондаи глюкоза таркиб ёфтааст. Он дар андомгон (организм) бо ду роҳ таҷзия мешавад. Гликогени ғизо ҳангоми гувориш зери таъсири амилаза дучори таҷзияи гидролизӣ мегардад, ки он дар ҷавфи даҳон сар шуда, дар рӯдаи борик (ҳангоми pH 7–8) ба анҷом мерасад. Дар натиҷаи таҷзия декстринҳо, малтоза ва глюкоза ҳосил мешаванд. Таҷзияи гидролизии гликоген мумкин аст дар ҳуҷайраи бофтаҳо низ ба амал ояд, вале он чандон муҳим нест. Роҳи асосии табдили гликоген дар дохили ҳуҷайра таҷзияи фосфоролизиест, ки зери таъсири фосфорилазаҳо ба амал омада, дар натиҷа аз молекулаҳои гликоген батадриҷ боқимондаҳои глюкоза таҷзия ва ҳамзамон фосфоронида мешаванд. Дар ситоплазма гликоген чун омехтаи полисахаридҳои массаи молекула ва хосиятҳои физикию кимиёиашон гуногун мавҷуд аст. Таркиби гликоген вобаста ба фаъолияти бофтаҳо ва фаслҳои сол тағйир меёбад. Миқдори гликогени бофтаҳо ба таносуби фосфорилаза, гликогенсинтетаза, инчунин бо глюкозаи хун таъмин будани бофтаҳо вобаста аст. Ҷигар глюкозаи зиёдатиро ба гликоген табдил медиҳад ё ҳангоми коҳиши қанд онро ба хун фиристода, бо ҳамин роҳ барои дар як савия нигоҳ доштани миқдори қанди хун мадад мерасонад. Узвҳои дигар гликогенро фақат барои худ захира мекунанд. Дар ин ҳолат глюкозаи ҳуҷайра, одатан, барои синтези гликоген истифода мешавад. Мубодилаи гликогенро дар ҷигар моддаҳои аз нигоҳи биологӣ фаъол танзим менамоянд.