Гликопротеинҳо
Гликопротеи́нҳо (куҳна. гликопротеидҳо) — сафедаҳои мураккаб, ки аз карбогидратҳо иборатанд; массаи молекулаашон аз даҳҳо ҳазор то чандин млн.
Қариб дар ҳамаи бофта ва моеъҳои ҳайвоноту одам, рустанӣ ва микроорганизмҳо мавҷуданд. Ба гликопротеинҳо асосан мутсинҳо ва мукоидҳо мансуб мебошанд. Мутсин дар таркиби усораи ғадудҳои луоббарор, мас., дар оби даҳон, шираи меъда, моеъи ҳароммағз ва нутфа, мукоидҳо дар таркиби бофтаҳои такягоҳ — устухон, ғузруф, пай, зуҷоҷияи чашм, сафедии тухм дучор меояд. Ба гликопротеинҳо бисёр сафедаҳои плазмаи хун (серулоплазмин, трансферин, протромбин), моддаҳои гурӯҳи хун, иммуноглобулинҳо, ферментҳо, ҳормонҳо (тиреотропин, ҳормони ангезаи фолликулаҳо) мансубанд. Миқдори карбогидратҳо дар гликопротеинҳо аз чанд ҳиссаи фоиз то 80 дарсад аст; бахши полисахаридии онҳо аз глюкозамин, галактозамин, галактоза, манноза ва дигар карбогидратҳо иборат мебошад. Вобаста ба таркиби аминокислотаҳо гликопротеинҳоро ба ду гурӯҳ ҷудо мекунанд: гликопротеинҳои дорои дастаи маъмулии аминокислотаҳо ва андаке карбогидратҳо (3-40 %); гликопротеинҳои дорои дастаи махсуси аминокислотаҳо бо бартарии серин ва треонин, инчунин миқдори зиёди карбогидратҳо (60-80 %).
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гликопротеидҳо // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
Ин мақолаи хурд дар бораи зистшимӣ аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |