Глория (падидаи нурӣ)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Эффекти «шабаҳи брокен» бо сояи одам, тасвир қуллаи Корженевской, Помир

Гло́рия (лот. gloria — ороиш; ҳола) — падидаи нурӣ дар атмосфера; ҳалқаҳои рангини атрофи сояи мушоҳид (ё ашёи дар назди он ҷойгиршуда), ки ба абр ё қабати меғ меуфтад.

Глория бештар дар кӯҳҳо (дар ҷое, ки абрҳо аз мушоҳид поёнтар истодаанд) ё ҳангоми парвоз аз болои абрҳо ба назар мерасад. Дар дохили глория ҳалқаи кабудтоб ва дар берун ҳалқаи сурх ҷойгир мешавад. Сабаби глория дифраксияи рӯшноии пештар дар қатраҳои абр инъикосёфта мебошад, ки он аз абр ба ҳамон самте, ки афтода буд, ба мушоҳид бармегардад. Глорияро дар Чин «нури Будо» меноманд. Навиштаҷоти нахустине, ки дар он дар барои ин ҳодисаи оптикии дар кӯҳҳои Эмэйшан мушоҳидагардида сухан меравад, ба соли 63 м тааллуқ дорад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]