Гнотобиоз
Зоҳир
Гнотобиология (аз юн. gnötos — маълум, намоён ва биология) — як соҳаи зистшиносӣ ва тибби таҷрибавӣ.
Гнотобиология ба парвариши ҳайвоноти лабораторӣ, ки дар андомгон (организм)-и онҳо микроорганизмҳо (бактерияҳо, вирусҳо, содатаринҳо), киҷҷаҳо ва бандпойҳо вуҷуд надоранд, машғул аст. Гнотобиология дар натиҷаи рушди илмҳои морфология, физиология, генетика, микробиология, тиб, байторӣ ва ғ. ташаккул ёфтааст. Дар ҳайвоноти гнотобиотӣ тарзу тариқи таъсири мутақобили микробу макроорганизмҳо таҳқиқ карда мешавад. Гнотобиология дар амалияи тибби таҷрибавӣ — ҷарроҳӣ, онкология, педиатрия, бемориҳои сироятӣ ва ғ. ба кор бурда мешавад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гнотобиология // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.