Говангур
Говангур (тирамоҳии сафед, сафеди калондона, сафеди лунда, сафеди гилотӣ, ангури сафед, гурдаи гов, мевагии баланди ҳоитӣ, шикамба) — навъе аз ангурҳои тирамоҳӣ. Селексияи мардумист. Баргаш сабз ё зарди қаҳваранг, 5-парраи дандонадор, калони гирда. Навдааш зарди қаҳвагӣ ё сурхи майгун. Нимаи аввали апрел барг ва нимаи дуввуми май гул мекунад. Гулаш дуҷинса. Хӯшааш калон (вазнаш 440—520 г, баъзан то 3 кг), махрутмонанд ё устувонашакл, думчааш сахти кӯтоҳ. Ғужбаш калон, байзашакл (вазни 100-донааш 512—586 г), сабзи зардча, серобу хуштаъм, 1-4 тухми калони ҷигарӣ дорад. Ғужмаш сахти холдор, мумпардааш ғафс. Гӯшташ сероби ширин; баъди тамоман пухтан 22 % қанд ва 5,5-7,2 г/л туршӣ дорад. Давраи нашваш 147—168 рӯз. Мевааш аз охирҳои июл то миёнаҳои сентябр мепазад. Ҳосилашро тар мехӯранд. Ҳангоми хушконидан то 25‒30 % мавиз мегиранд. Барои интиқол ба ҷойҳои дур ва нигоҳ доштан мувофиқ аст. Токаш ба сармо ва хушкӣ тобовар аст. Аз касалии ҷел ва касалиҳои занбӯруғӣ зарар мебинад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Плодоводство, виноградарство и овощеводство Таджикистана. Виноградарство. Сталинабад, 1947;
- Ампелография СССР, малораспространенные сорта винограда. Т. 1. М., 1963;
- Рубан Н. Г. Сорта винограда Средней Азии. Ташкент, 1979.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Говангур / Ҳ. Муҳаммадқулов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.