Гови абердин-ангусӣ
Вазн | 750 ± 250 кг |
---|---|
Кишвари созанда | |
Баландӣ | 135 ± 15 сантиметр |
FAO risk status | not at risk[d][1] |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Гови абердину ангусӣ (англ. Aberdeen Angus) — зоти гӯштдеҳи гов.
Дар Англия (Шотландия; графии Абердин ва Ангус) аз калгови сиёҳи маҳаллӣ ба вуҷуд оварда шудааст. Онро бештар дар Англия, ИМА, Канада, Зеландияи Нав ва Аргентина мепарваранд. Тану тӯши лӯнда, ранги сиёҳ, пойҳои кӯтоҳ, сари хурд дорад; бешох аст. Олимон аз охири асри 18 барои беҳтар намудани зоти гови абердину ангусӣ таҳқиқот анҷом медиҳанд. Вазни зиндаи модагов 500 кг (баъзеаш то 600 кг), буққааш 700—780 кг (баъзеаш то 950 кг); вазни зиндаи гӯсолаҳои 7-8-моҳааш то 200 кг. Гови абердину ангусӣ барои парвариш дар чарогоҳҳои кӯҳӣ хуб мутобиқ шудааст. Гӯсолаҳояш дар мавриди муҳайё будани шароити мусоид дар як шаборӯз то 800—1000 г вазн мегиранд. Гови абердину ангусӣ дар Тоҷикистон аз соли 1961 парвариш карда мешавад. Саршумори асосии он дар хоҷагиҳои вилояти Хатлон, ноҳияҳои Рашт ва Ҷиргатол ҷой дорад. Ба шароити иқлими ҷумҳурӣ хуб мутобиқ шудааст. Онро барои зиёд намудани саршумори чорво бо роҳи ҷуфтикунонии саноатӣ кор мефармоянд. Соли 2013 дар хоҷагиҳои ҷумҳурӣ тақр. 100 сар гови абердину ангусӣ мавҷуд буд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ (unspecified title) / зери таҳрири Food and Agriculture Organization
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Доброхотов А. Б. Частная зоотехния. Л., 1959;
- Дмитриев Н. Г. Породы скота по странам мира. Л., 1978;
- Арзуманян Е. А. Скотоводство. М., 1980.
- Арзуманян Е. А. Животноводство. М., 2007.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гови абердину ангусӣ / А. Норов, Ф. Икромов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.