Jump to content

Гови симменталӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Гови симменталӣ
Нигора
 Парвандаҳо дар Викианбор

Гови симменталӣ (аз олмонӣ: Summental — водии Зимментал) — зоти серширу сергӯшт. Дар Швейсария ба вуҷуд овардаанд. Дар Маҷористон, Чехия, Словакия, Австрия, Швейсария, Югославия, Олмон, Украина, Русия ва Молдова парвариш мекунанд. Гови симменталӣ бинобар сермаҳсул будану ба шароити маҳал зуд мутобиқ гаштанаш дар бисёр кишварҳои ҷаҳон шуҳрат ёфтааст. Дар натиҷаи муддати мадид дурага кардани зоти говҳои маҳаллӣ бо буққаҳои симменталӣ дар бисёр мамлакатҳо зоти говҳои ба гови симменталӣ наздике ба вуҷуд оварда шудаанд, ки номҳои дигар доранд, мас., дар Олмон ва Австрия — флекфи, дар Фаронса — монбеллиарди, дар Маҷористон — мадяртарка ва ғ. Ранги гови симменталӣ сурху сафед, ало, сурх аст; устухонбандии мустаҳкам дорад. Вазни гӯсолаҳо 35-45, модаговҳо 550—650, буққаҳо 900—1100 кг. Аз ҳар модагов 4000-4700 кг шир (равғаннокиаш 3,7-4,0 %) медӯшанд.

  • Доброхотов А. Б. Частная зоотехния. Л., 1959;
  • Дмитриев Н. Г. Породы скота по странам мира. Л., 1978;
  • Арзуманян Е. А. Скотоводство. М., 1980.
  • Арзуманян Е. А. Животноводство. М., 2007.