Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Голден Делишес

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Голден Делишес
Таснифи илмӣ
Lua error in Модул:Taxonomy/classification at line 72: attempt to concatenate a boolean value.
Номи илмӣ
ХАТО
Параметри лотинӣ набояд холӣ бошад

Голден Делишес (англ. Golden Delicious) — як навъ себи тирамоҳӣ. Соли 1890 дар иёлати Вирҷинияи Шарқӣ (ИМА) аз ниҳоли хасак рӯёндаанд. Навъи хуби санъатист.

Дар Тоҷикистон аз соли 1974 парвариш карда мешавад. Дарахташ миёнақади парешоншох, пӯстлохаш нафис, хокистарранги зард. Муғҷаҳои самаровараш калон. Баргаш сабзча, дарозрӯя, канорҳояш дандонадор. Гулаш гулобӣ, дар шароити иқлими Тоҷикистон 13–25 апрел мешукуфад (давраи гулшукуфташ 11–14 рӯз). Барои гардолуд шудани он навъҳои Боровинкаи тошкентӣ, Пармени зимистона, Ренет Симиренко ва Ҷонатан мувофиқ аст. Мевааш калон (вазнаш 140–150 г, дарозиаш 60 мм, бараш 70 мм), зарди тилогун; охири сентябр мепазад (3–4 моҳ нигоҳ доштан мумкин). Гӯшти мевааш зарди сафедча, сероб, хуштаъму хушбӯй; дар таркибаш 19,2% моддаи хушк, 10,8% қанд, 3,5 мг% витамини С, 0,79% моддаҳои пектинӣ мавҷуд аст. Аз ҳар га 200–300 сентнер ҳосил меғундоранд. Ба сармо тобовар аст. Баъзан аз кирми себ ва касалии гардаи сафед зарар мебинад.

  • Каталог районированных сортов плодовых, ягодных культур и винограда. М., 1985;
  • Гулов С. Мевапарварӣ. Д., 2007.