Jump to content

Гомел

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Маҳалли аҳолинишин
Гомел
беларусӣ: Гомель
Парчам Нишон[d]
Парчам Нишон[d]
Кишвар  [[|]]
Роҳбар Q117388385?[1]
Таърих ва ҷуғрофиё
Таъсис 1142
Аввалин номбарӣ 1142
Масоҳат
  • 135 ± 1 км²
Баландии марказ 138 ± 1 м
Минтақаи замонӣ UTC+03:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон 823(2)
Нишонаи почта 246000–246145[3] ва 247000–247999
Коди мошин 3
gorod.gomel.by
Нишон додан/Пинҳон кардани харита
 Парвандаҳо дар Викианбор

Гомел — шаҳр, маркази маъмурии вилояти Гомел. Дар қисми ҷанубу ғарбии Ҷумҳурии Белорус, дар соҳили дарёи Сож (шохоби Днепр) воқеъ гаштааст. Маркази бузурги нақлиётӣ: р. о., роҳҳои автомобилгард, бандари дарёӣ, фурудгоҳи байналмилалӣ дорад. Масоҳаташ 135,34 км². Аҳолиаш 522,5 ҳазор нафар (2014).

Бори аввал соли 1142 дар солномаи таърихӣ бо номи «Гомий» зикр ёфтааст. Соли 1712 дар ҳайати Русия буд. Соли 1919 маркази губернияи Гомели РСС Федеративии Русия гардид. Соли 1926 якҷоя бо уезди Гомел ба ҶШС Белоруссия дода шуд.

Гомел маркази бузурги саноат ва фарҳанги ҷумҳурӣ мебошад. Дар Гомел 126 корхонаҳои саноатии шаклҳои гуногуни моликият, аз ҷумла 49 корхонаи давлатӣ ва 77 ғайридавлатӣ фаъолият доранд. Корхонаҳои бузургтарини Гомел: Иттиҳодияҳои истеҳсолии «Гомселмаш», «Кристалл», «Белоруснафт», «Гомелстекло», заводи асбобҳои ченкунандаи «Сентролит». Дар иқтисодиёти Гомел саноати вазнин аҳаммияти бузург дошта, мошинасозӣ ва коркарди филиззот тараққӣ кардааст. Саноати кимиё дорои корхонаҳои маснуоти пластмасса, локу ранг, шиша, комбинатҳои кимиё ва кимиёи чӯб буда, 13,7 дарсади маҳсулоти умумиро медиҳад. Саноати хӯрокворӣ аз корхонаҳои бузурги равған, қаннодӣ, гӯшт, шир, май (вино), саноати сабук аз корхонаҳои кешбофӣ (трикотаж), дӯзандагӣ, пойафзор иборат аст. Гомел комбинатҳои фанеру гӯгирд, чӯбгарӣ, масолеҳи бинокорӣ, оҳану бетон дорад.

Илму фарҳанг

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Гомел Донишгоҳи давлатии Гомел, Институти давлатии нақлиёти Белорус, Институти кооперативии Гомел, Донишгоҳи давлатии техникии Гомел ба номи П. О. Сухий, Донишгоҳи давлатии тиббии Гомел, 77 мактаби таҳсилоти умумӣ, гимназияи шаҳрӣ, гимназияи вилоятӣ, 18 омӯзишгоҳи касбҳои техникӣ, 6 коллеҷ, 7 техникум, Гимназияи славянии Белорус ба номи И. Межел, ин-тҳои таҳқиқоти илмии ҷангал, механикаи системаҳои филиззоту полимерӣ, радиология, радиобиология, тибби радиатсионӣ воқеанд. 7 иттиҳодияи эҷодӣ, театрҳои драма, лӯхтак, ҷавонон, 3 кинотеатр, филармония, сирк, оркестри симфонии нафасӣ, 7 мактаби мусиқӣ, қасри фарҳанг, осорхонаи кишваршиносӣ, китобхонаҳо, маркази телевизион фаъолият доранд. Ҳамасола дар Гомел 20 фестивал, аз ҷумла фестивалҳои байналмилалӣ доир мегарданд.

Гомел бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат сарфароз гардидааст (1970).