Гоминдан
{{{номи ҳизб}}} | |
---|---|
Пешво: | Wu Den-yih[d], Lien Chan[d] ва Lin Rong-te[d] |
Асосгузор: | Сун Ятсен[1] ва Yeung Ku-wan[d] |
Санаи асосгузорӣ: | 10 октябр 1919 |
Қароргоҳ: | |
Маром: | Three Principles of the People[d], Chinese nationalism[d], paternalistic conservatism[d], republicanism[d], анти-коммунизм, social conservatism[d] ва муҳофазакории миллӣ[d] |
Сайт: |
www1.kmt.org.tw/e…(англ.) kmt.org.tw(чинӣ) |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Гоминда́н (чинии сунатӣ: 中國國民黨, сода: 中国国民党, пинйин: Zhōngguó Guómíndǎng, палл.: Чжунго Гоминдан, айнан: «Ҳизби миллии Чин») — ҳизби сиёсӣ дар Чин, яке аз аҳзоби ҳукмрони Тайван.
Гоминдан августи 1912 дар натиҷаи муттаҳид шудани созмони Тунмэнхой бо роҳбарии Сун Ятсен ва дигар ҳизбу ҳаракатҳои миллӣ-либералии Чин таъсис ёфта, ҳадафи он ҳимояи манфиатҳои миллии Чин ва муқовимат бо низоми диктатории Юан Шикай буд. Фаъолияти Гоминдан 4.11.1913 аз ҷониби Юан Шикай манъ карда шуд ва роҳбари он Сун Ятсен муборизаро бар зидди ин низом аз хориҷи мамлакат идома дод. Пас аз вафоти Юан Шикай (1916) Гоминдан фаъолияти худро дар Чин аз нав оғоз намуда, дар миёни мардум маҳбубият пайдо кард. Сентябри 1917 Сун Ятсен аз ҳисоби намояндагони Гоминдан дар ш. Гуанчжоу ҳукумат ташкил намуда, муттаҳидкунии Чинро дар асоси усулҳои эълоннамудаи ҳизб оғоз кард. Аз соли 1921 Гоминдан бо Ҳизби коммунистии Чин дар блоки ягона баромад мекарданд. Январи 1924 анҷумани якуми Гоминдан баргузор гардида, дар он се принсипи халқии Сун Ятсен – миллатгароӣ, ҳокимияти халқӣ ва некуаҳволии халқ ҳамчун асоси идеологияи ҳизб дониста шуд. Пас аз марги Сун Ятсен (12.3.1925) Гоминдан ба қаноти чап (наздик ба ҲК) ва рост (миллатчигӣ-радикалӣ) ҷудо шуд. Апрели 1927 роҳбари Гоминдан Чан Кайши муносибаташро бо ҲК Чин қатъ намуда, ҷонибдорони қаноти чапро аз роҳбарияти Гоминдан барканор кард, ки дар натиҷа миёни ҷонибдорони ҲК Чин ва Гоминдан ҷанги шаҳрвандӣ сар зад. Мағлубият дар ҷанги шаҳрвандӣ роҳбарияти Гоминдан-ро водор намуд, ки Чинро тарк карда, соли 1949 ба ҷазираи Тайван раванд. Дар давраи роҳбарии Чан Кайши ва ворисони ӯ Гоминдан ягона ҳизби ҳукмрон дар Тайван ба ҳисоб мерафт. Аз соли 1986 ба фаъолияти аҳзоби мухолиф дар Тайван иҷозат дода шуд ва Гоминдан ба ҳизби парламентӣ табдил ёфт. Пас аз мағлубият дар интихоботи соли 2000 ва аз даст додани ҳокимият Гоминдан ба ҳайати «эътилофи кабуд» дохил шуда, баръакси «эътилофи сабз» (таҳти роҳбарии Ҳизби демократии тараққиёт), ки мустақилияти Тайванро мехоҳад, ҷонибдори муттаҳидии тамоми Чин мебошад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Short P. Mao: A Life (ингл.) — Great Britain: Hodder & Stoughton, 1999. — P. 639. — 782 p. — ISBN 978-0-340-60624-7
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гоминдан // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.