Jump to content

Ҳунулулу

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Гонолулу)
Маҳалли аҳолинишин
Ҳунулулу
ҳав. Honolulu
Парчам
Парчам
Кишвар  [[|]]
Роҳбар Rick Blangiardi[d][1]
Таърих ва ҷуғрофиё
Масоҳат
  • 177,2 км²
Баландии марказ 12 м[2]
Минтақаи замонӣ HAST[d]
Аҳолӣ
Аҳолӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон 808
Нишонаи почта 96801–96850
honolulu.gov(англ.)
Нишон додан/Пинҳон кардани харита
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ҳунулулу, Ҳонолулу (англ. ва ҳав. Honolulu) — шаҳр ва бандари тиҷоратии ҷазираҳои Гавай, маркази маъмурии иёлати Ҳавайии ИМА. Аҳолиаш 391 ҳазор нафар (бо аҳолии атрофаш 953,2 ҳазор нафар, 2014). Дар соҳилҳои ҷануби ҷазираи Оаху воқеъ аст. Маркази муҳимми роҳҳои баҳрӣ ва ҳавоӣ тавассути уқёнуси Ором мебошад. Тиҷорати берунаи (ҳамлу нақли борҳои) кулли ҷазираҳои Гавай тариқи Г. таъмин мегарданд. Маркази муҳимми саноати сабуки мамлакат буда, заводҳои қаннодӣ консерваи мева ва моҳӣ дорад. Маркази сайёҳӣ ва осоишгоҳҳои кишвар мебошад. Даромади солона аз ин соҳа 10 млрд доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Пойгоҳи низомӣ-баҳрии ИМА (Пёрл-Харбор) дар ҳамин шаҳр ҷойгир аст. Фурудгоҳи байналмилалӣ дошта, дар он соле то 18 млн мусофир кашонда мешавад. Президенти чилучорумини ИМА Барак Ҳусейн Обама дар Г. таваллуд шудааст.