Готланд
Coat of arms | |
Кишвар | |
---|---|
Воҳиди марзию маъмурӣ | Gotland County[d][1] |
Минтақаи замонӣ | UTC+1[d] ва UTC+02:00 |
Макони кунунӣ | |
Ҷойгир аст дар назди обанбори | Баҳри Балтика |
Баландтарин нуқта | Lojsta heath[d][2] |
Шумораи аҳолӣ | |
Баландӣ аз сатҳи баҳр | 82 м |
Масоҳат |
|
Official symbol | H. helix[d] |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Го́тланд (швед. Gotland, швед. Gotland ) — бузургтарин ҷазираи баҳри Балтика, ки ба Суэд тааллуқ дорад. Якҷоя бо ҷазираҳо музофоти Готландро ташкил медиҳад. Масоҳаташ 2994 км². Аҳолиаш 57,8 ҳазор нафар (2014). Сатҳаш пуштакӯҳи оҳаксангу регсангӣ, нуқтаи баландтаринаш (Лойста-хед) 83 м. Иқлимаш муътадили баҳрӣ. Боришоти солона зиёда аз 500 мм. 44 дарсади ҳудуди Готландро бешаҳои дарахтони сӯзанбаргу паҳнбарг фаро гирифтаанд. Кишти зироат (ҷавдор, бомус, лаблабуи қанд, зағир, картошка) ва гӯсфандпарварӣ тараққӣ кардааст. Саноати сементу хӯрокворӣ дорад. Сайёҳӣ ривоҷ ёфтааст. Шаҳр ва бандари асосиаш Висбю. Маҳалҳои аҳолинишинаш: Клинтехамн, Бургсвик, Форёсунд, Хемсе, Слите.
Дар ҷазира беш аз 42 ҳазор осори атиқа ёфт шудаанд, ки қадимтарини онҳо ба асри санг тааллуқ доранд. Дар давраи викингҳо дар Готланд тиҷорат ривоҷ ёфта буд. Бозёфти 650 хазина, ки аз 140 ҳазор тангаҳои арабию аврупоӣ ва зеварот иборатанд, аз он шаҳодат медиҳад. Готландҳо ба забони қадимии гутнийӣ ҳарф мезадаанд. Дар асрҳои миёна мавқеи ҷойгиршавии ҷазира имконият медод, ки готландҳо савдои баҳри Балтикаро идора намоянд. Тоҷирони Готланд дар Новгород меҳмонхона доштанд ва соли 1161 бо герсоги Саксония Лев Генрих дар бораи усулҳои тиҷорат дар Готланд ва Голштиния шартнома бастанд. Соли 1288 дар Готланд байни тоҷирони Висбю, ки як қисмашон олмонӣ буданд ва сокинони минтақаҳои дигар зиддият ба амал омад. Дар ин ҷанг шаҳрвандони Готланд ғалаба карданд. Соли 1361 ба Готланд артиши шоҳи Дания Валдемар Аттердаг ворид шуд. Деҳқонон бар зидди даниягиҳо муқобилияти сахт нишон доданд, вале хиёнати аҳолии ш. Висбю сабаби мағлубии онҳо гардид. Дар ҷанг нисфи мардони болиғи деҳот кушта шуданд. Дар натиҷа Готланд мавқеи худро ҳамчун воҳиди мустақил дар баҳри Балтика абадан аз даст дод. Аз соли 1679 дар тобеияти Шветсия мебошад. Аксарияти сокинони имрӯзаи Готланд бо лаҳҷаи готландии забони шведӣ ҳарф мезананд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Folkmängd i landskapen den 31 december 2016 — Statistics Sweden.
- ↑ https://kso.etjanster.lantmateriet.se/?e=701179&n=6359276&z=7
- ↑ Folkmängd i landskapen den 31 december 2020 — Statistics Sweden.
- ↑ https://web.archive.org/web/20160303202852/http://www.scb.se/sv_/Hitta-statistik/Statistik-efter-amne/Miljo/Markanvandning/Kust-strander-och-oar/13042/13049/21205/
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Готланд // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.