Гран-Чако
Кишвар | |
---|---|
Макони кунунӣ | |
Баландӣ аз сатҳи баҳр | 310 ± 1 м |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Гран-Чако (исп. Gran Chaco, аз испании gran — калон ва chaco, ба забони гварни — майдони шикор) — ноҳияи ҳамвори табиӣ дар Амрикои Ҷанубӣ, байни 18 ва 30° а. ҷ., байни доманакӯҳҳои Анд ва пуштакӯҳи Бразилия дар ғарб ва шарқ, ҳамвории Маморе ва пастии Ла-Платс дар шимол ва ҷануб; дар ҳудуди Боливия, Парагвай ва Аргентина. Баландиаш аз 50 м дар шарқ то 500—600 м дар ғарб.
Иқлими қисми шимолиаш субэкваторӣ, қисми марказиаш — тропикӣ, қисми ҷанубиаш — субтропикӣ. Ҳарорати миёнаи январ 28-30° (баландтарин — 47°), июл 12-16°. Миқдори бориш аз 500 ва 800 мм дар ҷануб ва ғарб то 1200 мм дар шимолу шарқ. Дарёҳои асосиаш Парона ва Парагвай. Дар ғарби Гран-Чако кӯлҳои шӯр дар атрофаш ботлоқзорҳо мавҷуданд. Хокаш сурхи дорчинӣ. Гран-Чакоро бешаҳои сираки дарахтони хушкидӯст, паттазор ва ксерофитӣ пӯшондаанд. Ҳайвоноташ гуногун: тапир, гавазни ботлоқӣ, пума, юзи ало, шутурмурғ, сагобӣ, инчунин парандаҳо ва хазандаҳову ҳашароти сершумор. Манзараи табиии Гран-Чако хуб боқӣ мондааст, чунки зичии аҳолӣ кам аст. Қабилаҳои камшумори ҳиндуҳо, асосан, дар наздикии дарёҳо зиндагӣ мекунанд. Аҳолӣ бо тайёр кардани чӯбу тахта, шикор, дар ҷануб бо чорводорӣ (асосан гӯсфандпарварӣ) машғул аст. Дар соҳили дарёҳо найшакар ва пахта парвариш мекунанд. Конҳои нафту газ дорад.
Боғҳои миллӣ: Каа-Лядел-Гран-Чако (Боливия) — бузургтарин дар Амрикои Ҷанубӣ (34 ҳазор км²); Амборо (Боливия, дар он 638 намуди рустанӣ мерӯяд ва 712 намуди парандагон сукунат доранд).
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гран-Чако // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.