Григорий Бонгард-Левин
Таърихи таваллуд | 26 август 1933 |
---|---|
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 30 сентябр 2008 (75 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | шарқшиносӣ |
Ҷойҳои кор | |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои таърих[d] |
Алма-матер | |
Роҳбари илмӣ | George de Roerich[d] |
Ҷоизаҳо |
Бонгард-Левин Григорий Максимович (26 август 1933, Маскав — 30 сентябр 2008, Нёйӣ-сур-Сен[d], Фаронса) — яке аз муаррихон ва шарқшиносони рус.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар оилаи корманди илмӣ таваллуд шудааст. Хатмкардаи факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов (1956). Аз соли 1956 корманди илмии Институти шарқшиносии АИ ИҶШС. Роҷеъ ба таърихи пайдоиш ва умури идории империяи маврҳо, хусусиятҳои сохтори асосии империяи номбурда, таърихи Ҳинд ва дигар масъалаҳои таърихии марбут ба даврони бостон асару мақолаҳои бунёдӣ навиштааст. Муаллифи китобҳои таърихию таҳқиқотии «Ҳиндустони аҳди қадим» (1985, бо ҳаммуаллифии Г. Ф. Илин), «Аз Скифия то Ҳинд» (1983, бо ҳаммуаллифии Э. А. Грантовский) ва ғ. мебошад. Ширкаткунандаи чандин конференсияву симпозиумҳои байналмилалӣ дар мавзӯъҳои таърихи Шарқи бостон ва тамаддунҳои гуногуни он, ҳамчунин оид ба масъалаҳои антропология ва мардумшиносӣ дар Ҳалле (1953), Маскав (1960), Деҳлӣ (1964), Порис (1967, 1968) ва ғ.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бонгард-Левин Григорий Максимо / М. Ҳазратқулов // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 26 август
- Зодагони соли 1933
- Зодагони Маскав
- Даргузаштагони 30 сентябр
- Даргузаштагони соли 2008
- Википедия:Саҳифаҳо бо занҷираи ҷуғрофии гуногунмаъно
- Даргузаштагони Фаронса
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Дорандагони ордени «Нишони Фахрӣ»
- Барандагони Ҷоизаи давлатии ИҶШС
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Олимон аз рӯи алифбо