Григорий Перелман
русӣ: Григорий Яковлевич Перельман | |
Таърихи таваллуд | 13 июн 1966[1][2][3][…] (58 сол) |
Зодгоҳ | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | ҳандасаи дифференсиал, топология, риёзиёт, ҳандасаи римонӣ[d] ва geometric topology[d] |
Ҷойҳои кор | |
Алма-матер | |
Роҳбари илмӣ | Александр Александров ва Yuri Burago[d] |
Ҷоизаҳо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Григорий Яковлевич Перелман (зод. 13 июн 1966[1][2][3][…], Санкт-Петербург[4]) — риёзидони рус, ки ҳадси Пуанкареро исбот кардааст[9][10]. Дар соли 2007 як рӯзномаи биритониёӣ феҳристи «Сад нобиғаи зинда»-ро мунташир кард, ки дар он Григорий Перелман дар ҷойгоҳи 9-ум қарор гирифт[11].
Вай ба далели исботи ҳадс (гипотеза)-и Пувонкора, масъалае, ки як қарн зеҳни бисёре аз риёзидононро ба худ машғул карда буд, дар соли 2006 барандаи медали Филдз шуд, ки олитарин ҷоиза дар заминаи риёзиёт аст. Ин нобиға бузургтарин ифтихори дунёи риёзии ҷаҳонро касб кард, аммо аз пазириши ин ҷоиза сар боз зад ва гуфт «Ман ба пул ё шуҳрат алоқае надорам. Намехоҳам мисли як ҳайвон дар боғи вуҳуш ба намоиш гузошта шавам». Дар 22 декабри 2006 маҷаллаи илмии «Сойинс» исботи ҳадси Пувонкораро ба унвони таҳаввули илмии сол ба расмият шинохт. Ин нахустин боре буд, ки чунин таҳаввуле дар заминаи риёзӣ рух медод..
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Парелмон дар Ленинград (Санкт-Петербурги имрӯзӣ)-и Шӯравӣ дар июни 1966 аз волидайни рус-яҳудӣ зода шуд. Падараш Яков (ки имрӯза дар Исроил зиндагӣ мекунад) ва модараш Любов. Модари Григорий барои бузург кардани ӯ таҳсилоти олии риёзии худро раҳо кард. Истеъдоди риёзии ӯ дар даҳсолагӣ пайдо шуд.
Ӯ дар як донишгоҳи махсус бо барномаҳои пешрафтаи риёзӣ ва физик дар Ленинград таҳсил кард ва дар ҳамаи дарсҳо ба ҷуз тарбияи ҷисмонӣ дурахшид. Дар соли 1982 ба унвони яке аз аъзои тими Иттиҳоди Ҷамоҳири Сотсиалистии Шӯравӣ дар Олимпиади ҷаҳонии риёзӣ бо касби имтиёзи комил медали тило дарёфт кард.Ӯ таҳсили худро дар факултети риёзӣ ва механики Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург хост давом диҳад ва бидуни имтиҳони вурудӣ пазируфта шуд.
Пас аз дарёфти PHD худ дар 1990 ба кор дар Депортмони Ленинград муассисаи машҳури риёзии Академияи улумм Русия ворид шуд. Дар авохир даҳаи 80 ва авоили даҳаи 90 ӯ бо тавсияномаи қавии устодонаш дар донишгоҳҳои Амрико ба пажӯҳиш машғул шуд.
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]- (50033) Перелман
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Архив по истории математики Мактьютор — 1994.
- ↑ 2.0 2.1 Энциклопедия Брокгауз (нем.)
- ↑ 3.0 3.1 Munzinger Personen (нем.)
- ↑ 4.0 4.1 Deutsche Nationalbibliothek Record #136216218 // Общий нормативный контроль (GND) (нем.) — 2012—2016.
- ↑ О причинах ухода Г. Перельмана из ПОМИ
- ↑ Биография Григория Перельмана. РИА Новости
- ↑ J.J. O'Connor and E.F. Robertson. Grigori Yakovlevich Perelman. MacTutor
- ↑ J. Lublinski. Der weiße Rabe. Deutschlandfunk
- ↑ Гипотеза Пуанкаре Бойгонӣ шудааст 18 октябри 2013 сол., Clay Mathematics Institute(англ.)
- ↑ Найти Перельмана Бойгонӣ шудааст 4 сентябри 2018 сол. // Gazeta.Ru, 17 августа 2006
- ↑ Top 100 living geniuses. telegraph.co.uk(пайванди дастнорас — таърих) (31 Январ 2007). 27 май 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 16 феврали 2012.(англ.)