Jump to content

Эдвард Григ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Григ Эдвард Хагеруп)
Эдвард Григ
норвегӣ: Edvard Hagerup Grieg
Иттилооти асосӣ
Ном ба ҳангоми таваллуд норвегӣ: Edvard Hagerup Grieg
Таърихи таваллуд 15 июн 1843(1843-06-15)[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 4 сентябр 1907(1907-09-04)[1][2][3][…] (64 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Пеша(ҳо) оҳангсоз, пиёнунавоз
Соз фортепиано
Сабк мусиқии килоссик[d]
Ҷоизаҳо
Knight Grand Cross of the Order of St. Olav‎
Соядаст
Соядаст
 Парвандаҳо дар Викианбор

Эдвард Ҳагеруп Григ (норвегӣ: Edvard Hagerup Grieg; 15 июн 1843[1][2][3][…], Берген[d][4][5]4 сентябр 1907[1][2][3][…], Берген[d][4][5] — оҳангсоз, пиёнунавоз, раҳбари мусиқӣ ва асосгузори мактаби мусиқии норвеж. Узви Академияи мусиқии Шветсия (1872), Академияи ҳунарҳои нафисаи Фаронса (1889), Академияи Берлин (1897). Доктори фахрии донишгоҳҳои Кембриҷ (1893) ва Оксфорд (1906).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Маълумоти мусиқиро дар Консерваторияи Лейпсиг (1858—1862) гирифтааст. Шогирди К. Рейнек (композитсия) ва И. Мосиелес (фортепиано). Замони дар Копенгаген буданаш (1863) ҳамроҳи оҳангсози норвегӣ Р. Нудрок ва гурӯҳе аз навозандагони даниягӣ ҷамъияти мусиқии байнискандинави «Евтерпа»-ро таъсис дод; пас аз бозгашт ба Норвегия ҳамроҳ бо Ю. Свенсен (1866) Академияи мусиқӣ ва Ҷамъияти мусиқиро (1973) бунёд гузошт; яке аз созмондиҳандагони нахустин фестивали мусиқии норвег (Бреген, 1898). Ӯ бо консертҳояш фаъолияти оҳангсозӣ, педагогӣ-публитсистӣ, мусиқишиносӣ ва маорифпарвариро дар кишвараш ва хориҷ аз он (Олмон, Ҳолландия, Дания, Фаронса, Британия) тавъам сохт. Солҳои 1880—1890 ҳамчун оҳангсоз ва навозанда дар ҷаҳон шуҳрат пайдо кард.

Эдвард Григ дар осори хеш самтҳои асосии рушди фарҳанги мусиқии кишварашро пешниҳод намудааст. Ӯ мусиқии миллии норвегро ба дараҷаи мусиқии классикии ҷаҳонӣ расонд, мусиқии халқиро эҷодкорона аз нав такмил дод. Осори Эдвард Григ композитсияҳои сершумори гуногунжанрро дар бар мегирад. Асари маъруфи ӯ мусиқии драмаи «Пер Гюнт»-и Эдвард Григ Ибсен (1875) мебошад. Осори Эдвард Григ: мусиқӣ бар драмаи Бернсон «Сигурди Салибдор» (1872); симфония (1864), увертюраи «Дар тирамоҳ» (1887); «Рақсҳои симфонӣ» (1898); сюитаи «Аз даврони Холберг» (1885); консерт барои фортепиано бо оркестр (1868), ансамблҳои камеравӣ — 3 соната барои ғиҷак ва фортепиано (1865, 1867, 1887), квартети торӣ (1878), «Пйесаҳои лирикӣ» (барои фортепиано) дар 10 дафтар (1867—1901), тақр. 100 романсу суруд; такмили суруду рақсҳои мардумӣ; ҳамчунин мақолаву очеркҳое, ки ба Ҷ. Верди, В. А. Мотсарт, Р. Шуман, Р. Вагнер бахшида шудаанд.

  • Избранное статьи и письма. М., 1966.
  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  2. 2.0 2.1 2.2 2.3 Internet Broadway Database (ингл.) — 2000.
  3. 3.0 3.1 3.2 3.3 Norsk biografisk leksikon (бук.)Kunnskapsforlaget. — ISSN 2464-1502
  4. 4.0 4.1 4.2 4.3 Григ Эдвард // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
  5. 5.0 5.1 5.2 5.3 Archivio Storico Ricordi — 1808.
  • Музалевский В. Э. ГриЭдвард Григ Л., 1935;
  • Бенестад Ф., Шельдеруп — Эббе. Д. Э. Григ — человек и художник. М., 1986;
  • Михеева Л. В. Э. ГриЭдвард Григ Краткий очерк жизни и творчества. М., 1998.