Гриппи мурғон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Гриппи мурғон
Influenza A - late passage.jpg
МКБ-10 Шаблон:МКБ10
МКБ-9 488.0488.0
DiseasesDB 6791
MedlinePlus 007263
eMedicine article/238049  Шаблон:EMedicine2
MeSH D005585

Гриппи мурғон (лот. Grippus avium) — як навъ касалии сироятии вазнини парандагон.

Бемории шадид буда, бо иллати узвҳои ҳозима ва роҳи нафас падид меояд. Ангезандааш – вируси Jnfluenza virus А; он дорои КРН (кислотаи рибонуклеат) аст ва ба вируси А-и гриппи одаму ҳайвонот қаробат дорад. Гриппи мурғонро соли 1878 байтори итолиёвӣ Э. Перрончито тавсиф карда, тифи мурғон номид. Баъдтар он тоуни классикӣ ё тоуни аврупоии парандагон ном гирифт. Соли 1901 табиати вирусӣ доштани гриппи мурғон муқаррар гашт. Соли 1955 исбот шуд, ки ангезандаи тоуни парандагон вируси грипп мебошад. Номи имрӯзаи касалӣ аз соли 1971 мавриди истифода аст. Ангезандаҳои гриппи мурғон шаклҳои гуногун дошта бошанд ҳам, ағлаб мудавваранд (андозаашон 60–180 нм). Геноми вирион зиёда аз 6 навъ КРН дорад. Вирус дар ҷанини 10–11-рӯзаи мурғ хуб афзоиш меёбад. Он зери таъсири маҳлули 3%-и ишқори натрий ва фенол, маҳлули 0,1%-и формалдегид зуд маҳв мегардад; ба таъсири сармо ва хушконидан тоб меорад. Вируси гриппи навъи А дорои 16 варианти сохтори ҳемагглютинин (НА 1–16) ва 9 нейраминидаза (NA 1–9) аст. Маҳз омезиши ҳамин ду гликопротеин зертипи вируси гриппи мурғонро муқаррар мекунад. Ба парандаҳо вариантҳои Н5 ва Н7-и гриппи мурғон таъсири бештар мерасонанд. Манбаи сироят аз гриппи мурғон парандаи касал аст. Ангезандаҳои касалӣ ба воситаи қатраҳои луоб, ки дар ҳаво паҳн шудаанд, сироят менамоянд. Онҳо ҳамчунин тавассути гӯшти мурғ, тухм, зарфҳои нигоҳубини парандаҳо, дон, пару бол, тибит ва ғ. интиқол меёбанд. Парандаҳои ёбоӣ (кафтар, гунҷишк, зоғ ва ғ.), мушу калламуш ва гурбаҳо низ паҳнкунандаи касалӣ мебошанд. Давраи ниҳонии гриппи мурғон аз 20–30 соат то 2 шаборӯз аст. Парандаи касал аз тухм монда, дарунрав, камиштиҳо, ташна ва лоғар мешавад; мурғ бо сари хам ва чашмони пӯшида беҳаракат мегардад, ранги наҷосат сабзи ҷигарӣ аст. Парандаҳои касалро нобуд мекунанд.

Гриппи мурғон дар одамон бори аввал соли 1997 дар Сянган (Ҳонконг) ошкор карда шуд. Маълум гашт, ки ангезандаи он – вируси H5N1 бевосита аз паранда сироят мекардааст. Аломатҳои гриппи мурғон дар одам аз гриппи муқаррарӣ фарқ надоранд. Лекин оризаҳои он (пневмония, осеби гурдаю ҷигар, узвҳои хунофар ва ғ.) хавфнок мебошанд. Давраи ниҳонии гриппи мурғон (H5N1) 8 рӯз аст. Дар бисёр ҳолатҳо беморӣ аз табларзаи шадид ва иллати роҳҳои нафас оғоз меёбад. Баъзе беморон дарунрав шуда, қай мекунанд, дарди шикаму устухони кос, хунравии бинӣ ва милки дандонҳо ба мушоҳида мерасад. Тӯли солҳои 2003–08 зиёда аз 360 ҳолати ба гриппи мурғон гирифтор шудани одамон муқаррар гашт (227 нафар фавтиданд). Соли 2014 дар Конодо низ чанд ҳодисаи бо марг анҷом ёфтани гриппи мурғон ба қайд гирифта шуд.

Тадбирҳои пешгирӣ: бо парандаҳои ёбоӣ ва парандаҳои хонагии касал наздик нашудани кӯдакон; даст нарасондан ва истифода набурдани гӯшти парандаи касал; гӯрондани ҷасади парандаҳои фавтида бо истифода аз даҳонбанду дастак; истеъмол накардани гӯшт ва тухми хом ё нағз напухтаи парандаҳо; дар яхдон ҷудо нигоҳ доштани гӯшту тухми мурғ; ҳангоми ошкор шудани парандаи касал бетаъхир ба духтури байтор хабар додан. Агар баъди тамос бо паранда дар худ аломатҳои монанд ба бемории гриппро мушоҳида кардед, пас оҷилан ба духтур муроҷиат намоед.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Горбунова А. С., Пысина Т. В. Грипп животных. М., 1973;
  • Сюрин В. Н., Осидзе Н. Г. Грипп птиц//Малоизвестные заразные болезни животных. М., 1973;
  • Бакулин В. А., Савостьянов Г. А. Атлас ультраструктурной патологии вирусных болезней птиц. СПб., 2001;
  • Каверин Н. В., Смирнов Ю. А. Межвидовая трансмиссия вирусов гриппа А и проблемы пандемий//Вопросы вирусологии. Т. 3. 2003.