Гриппи хукҳо
Гриппи хукҳо | |
---|---|
Ихтисос | Пулмонология, инфектология |
МКБ-10 | J09.X2 |
---|---|
DiseasesDB | 6791 |
MedlinePlus | 007421 |
eMedicine | / |
Гриппи хукҳо (англ. Swine influenza) — номи шартии бемории шадиди сироятии одаму ҳайвонот.
Соли 1931 олими амрикоӣ Ричард Шоуп ошкор кардааст. Гриппи хукҳо дар ИМА, Мексика, Конодо, Амрикои Ҷанубӣ, Аврупо, Кения, Хитой, Ҷопон, Тайван ва дигар мамолики Осиё дучор меояд. Мутобиқи таснифоти расмӣ ба гриппи навъи А мансуб аст. Ангезандааш штаммҳои вируси A/H1N1, A/H1 N2, A/H3N2 ва A/H2N3. Гриппи хукҳо соли 2009 дар Мексика хурӯҷ карда, дар муддати 2 моҳ вируси он (A/H1N1) дар 74 кишвари дунё паҳн гардид. Дар натиҷа 34 ҳазор кас сироят ёфта, 163 нафарашон фавтиданд. Аломатҳои гриппи хукҳо дар одам ба мисли дигар шаклҳои грипп аст. Ангезандаҳои он ба воситаи ҳаво ба роҳи нафас афтода, боиси сар задани беморӣ мешаванд. Одами бемор барои атрофиён то 7–10 рӯз хавфнок мебошад. Баъди 1–5 рӯзи сироят ёфтан ҳарорат баланд (39–40°С) шуда, одам табларза мекунад, месурфад; нишонаҳои зуком, гулӯдард, ашкшорӣ, дарди сару мушакҳо, инчунин дарди банду буғум падид меоянд. Мумкин аст бемор дарунрав шуда, қай кунад. Ҳолатҳои аз ҳайвонот ё гӯшти хук ба одам гузаштани беморӣ ошкор нашудаанд. Барои пешгирии гриппи хукҳо бо собун шустани даст, истеъмоли нӯшокиҳо ва витамини С муфид аст. Ҳангоми нигоҳубини бемор то омадани духтур бинӣ ва даҳонро бо ниқоби махсус бастан лозим. Муолиҷаи гриппи хукҳо мисли дигар навъҳои грипп аст. Вақтҳои охир бештар аз доруҳои оселтамивир (тамифлю), зинамивир (реленза), арбидол истифода мекунанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гриппи хукҳо / Ш. Матинов. // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Инфекционные болезни свиней. М., 2007.