Jump to content

Гувоҳ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Гувоҳ, шоҳид — дар ҳуқуқи мурофиавӣ, шахси донандаи ин ё он маълумот дар мавриди ҳолатҳои барои парванда муҳим.

Дар урфи мардум низ шахсеро, ки ин ё он ҳодисаро дидааст, гувоҳ мегӯянд. Ҳамчун ширкаткунандаи мурофиа гувоҳ шахсест, ки вобаста ба парвандаи мушаххас аз ҷониби суд барои додани нишондод оид ба ҳолатҳои ба ӯ маълум даъват шудааст. Нишондоди гувоҳ ба унвони воситаи исбот муқаррар шуда, як навъи далел эътироф шудааст. Фарқи гувоҳ аз дигар ширкаткунандагони мурофиа дар он аст, ки гувоҳ ба оқибати парванда манфиати ҳуқуқӣ надорад. Барои гувоҳ ҳудуди муайяни синнусолӣ муқаррар нагаштааст, аз ин рӯ, шахсони синну солашон гуногун метавонанд ба ҳайси гувоҳ пурсида шаванд. Дар ин маврид ду ҳолат муҳим аст: дахлдорӣ ва ҷоизии маълумоти доштаи гувоҳ:

  • а) маълумоти додаи гувоҳ бояд оид ба ҳолатҳое бошад, ки барои ҳалли парванда аҳаммият доранд (дахлдории далел);
  • б) маълумоте, ки гувоҳ баён намудааст, аммо наметавонад манбаи онро зикр кунад, далел ба ҳисоб намеравад (ҷоизии далел).

Қонунгузор номгӯи шахсонеро муқаррар кардааст, ки ба ҳайси гувоҳ наметавонанд пурсида шаванд. Номумкин будани пурсиши шахсон ба ҳайси гувоҳ бартарии мурофиавӣ эътироф гардида, ду шакли он пешбинӣ шудааст:

  • а) бартарии мутлақ — номумкин будани пурсиши шахс ба сифати гувоҳ;
  • б) бартарии нисбӣ — додани нишондод ба сифати гувоҳ вобаста ба иродаи гувоҳ.

Ба сифати гувоҳ пурсида намешаванд (бартарии мутлақ): шахсоне, ки вобаста ба ноқисии ҷисмонӣ ё рӯҳӣ наметавонанд далелҳоро саҳеҳ дарк намоянд ё дар хусуси онҳо нишондоди дуруст диҳанд; намояндагон оид ба парвандаҳои гражданӣ, ҳимоятгарон оид ба парвандаи ҷиноятӣ — дар хусуси ҳолатҳое, ки барояшон вобаста ба иҷрои уҳдадории намоянда ё ҳимоятгар маълум гардидаанд (сирри адвокатӣ); судяҳо, машваратчиёни халқӣ — оид ба масъалаҳое, ки дар хонаи алоҳида ва ё машваратӣ вобаста ба муҳокимаи ҳолати парванда ҳангоми қабули ҳалнома, таъйинот ё ҳукм ба миён омадаанд; ходимони ташкилотҳои диние, ки аз қайди давлатӣ гузаштаанд — оид ба ҳолатҳое, ки ҳангоми омурзиши шахсони омурзишгар барояшон маълум гардидааст. Шахсоне, ки ҳуқуқ доранд аз додани нишондод ба ҳайси гувоҳ даст кашанд (бартарии нисбӣ): шаҳрванд ба муқобили худ; ҳамсар ба муқобили ҳамсар, фарзанд ба муқобили падару модар ва падару модар ба муқобили фарзандон; бародарону хоҳарон бар зидди ҳамдигар, бобо ва бибӣ ба муқобили набераҳо ва набераҳо ба муқобили бобо ва бибӣ; вакилони мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ — оид ба маълумоте, ки вобаста ба иҷрои вазифаҳои вакилӣ барояшон маълум гардидааст. Дар ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятӣ барои муқаррар намудани ҳамаи ҳолатҳои вобаста ба парвандаи ҷиноятӣ, аз ҷумла дар хусуси шахсияти гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда, ҷабрдида ва муносибатҳои байни онҳо бояд аз гувоҳ пурсида шавад. Вале агар гувоҳ манбаи ин маълумотро нишон дода натавонад, гувоҳии додаи ӯ далел шуда наметавонад.

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон. Д., 2008;
  • Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Д., 2009.