Гувоҳӣ
Гувоҳӣ — дар ҳуқуқи мурофиавӣ, аз тарафи шахси ба оқибати парванда манфиатдор набуда додани маълумот дар бораи ҳолатҳое, ки асоси исботро ташкил мекунанд ё дигар ҳолатҳое, ки барои ҳалли дурусти парванда аҳаммият доранд ва дар шакли мурофиавии муқарраркардаи қонун гирифта шудаанд.
Асоси гувоҳиро ҳама гуна маълумоти воқеие ташкил медиҳад, ки ба парвандаи мушаххас дахл дорад. Гувоҳӣ ба дарккунии шахсӣ асос меёбад, бинобар ин гувоҳ зимни баёни далелҳо ба мақомоти дахлдор (таҳқиқотӣ, тафтишотӣ ё суд) ба маълумоти воқеӣ шарҳи муайян медиҳад. Гувоҳӣ яке аз воситаҳои куллии исботкунӣ буда, ҳангоми таҳқиқ, тафтиш ва баррасии ҳама гуна категорияҳои парвандаҳо барои муқаррар кардани фактҳои гуногун истифода мешавад. Аз рӯи қоидаи умумӣ шоҳид бояд шифоҳӣ ва аз рӯи хотирааш гувоҳӣ диҳад, яъне, ҳангоми гувоҳӣ додан истифода аз маводди ёрирасон мумкин нест. Вале ба таври истисно гувоҳ ҳуқуқ дорад ҳангоми гувоҳӣ аз маводди хаттӣ дар мавриде истифода барад, ки агар гувоҳӣ ба ин ё он маълумоти рақамӣ ё дигар маълумот алоқаманд ва дар хотир доштани он душвор бошад. Ин мавод ба суд ва шахсони иштирокдори парванда пешниҳод гардида, бояд ба парванда замима шавад. Дар мурофиаи ҷиноятӣ низ гувоҳ ҳангоми гувоҳӣ сабтҳои хаттиро метавонад истифода барад, яъне ба гувоҳ иҷозат дода мешавад, ки ҳуҷҷатҳои дар дасташ будаи ба гувоҳии ӯ дахлдорро хонад ва ба суд пешниҳод намояд. Ба парванда замима кардани санадҳои мазкур бо таъйиноти суд мумкин аст.
Гувоҳии шахсони ноболиғ хусусиятҳои худро дорад. Гувоҳии гувоҳи то чордаҳсола бо иштироки ҳатмии омӯзгор санҷида мешавад. Ҳангоми гувоҳӣ додани гувоҳи 14-18-сола иштироки омӯзгор ҳатмӣ нест, вале бо салоҳдиди раисикунандаи маҷлиси судӣ даъват карда шудани ӯ мумкин аст. Ҳангоми зарурат инчунин падару модар, фарзандхондагон, васӣ ё парастори гувоҳи ноболиғро даъват кардан мумкин аст. Бо назардошти вазъи рӯҳӣ ва ташаккули маънавии гувоҳони ноболиғ эҳтимоли хаёлбофӣ, моилӣ ва ё дигар шакли таҳриф кардани онҳо вуҷуд дорад. Аз ин рӯ, шахсони зикршуда метавонанд бо иҷозати раисикунандаи маҷлиси судӣ ба гувоҳ савол диҳанд, инчунин фикри худро вобаста ба шахсияти гувоҳ ва мазмуни гувоҳии ӯ баён кунанд. Дар навбати худ шахсони иштирокдори баррасии парванда низ метавонанд ба онҳо савол диҳанд. Барои баҳодиҳии гувоҳии гувоҳи ноболиғ ҳамчун далел ин ҳолат бисёр муҳим буда, ҳатман бояд психологияи кӯдак ба назар гирифта шавад. Иштироки омӯзгор низ ба ҳамин мақсад аст. Дар баъзе ҳолатҳо гувоҳи ноболиғ бинобар шармгинӣ ва ё дигар сабабҳо (мас., алоқаманд будани ҳолатҳои кор ба муносибатҳои маҳрамона ва ғ.) дар назди ин ё он иштирокдори баррасии парванда гувоҳӣ дода наметавонад. Аз ин рӯ, дар мавридҳои истисноӣ, агар барои муайян намудани ҳолати парванда зарур бошад, барои таъмини шароити мусоид дар вақти гувоҳии гувоҳи ноболиғ аз толори маҷлиси судӣ ин ё он шахси иштирокдори баррасии парванда, ин ё он шахси дар толори маҷлиси судӣ ҳузурдоштаро берун кардан мумкин аст. Ин амал дар асоси таъйинот сурат гирифта, моҳияти ҳолати истисноӣ дар он бояд асоснок карда шавад Баъди ба толори маҷлиси судӣ баргаштани шахси иштирокдори баррасии парванда ба ӯ зимни додани маълумот оид ба мазмуни гувоҳии гувоҳи ноболиғ имкон дода мешавад, ки ба гувоҳ савол диҳад.
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гувоҳӣ / Д. Абдуллоев // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон. Д., 2008;
- Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Д., 2009.