Гударзи II

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Гударзи II
юн.-қад. ΓΩΤΑΡΖΗΣ ё ΓΩΤΕΡΖΗΣ
подшоҳи Ашкониён

Таваллуд эҳтимолан асри I
Даргузашт 51
Дудмон Дудмони Ашконӣ
Падар Ардавони II
Фарзандон Балоши I
 Парвандаҳо дар Викианбор

Гударзи II, Готарз, Готарзес (юн.-қад. ΓΩΤΑΡΖΗΣ ё ΓΩΤΕΡΖΗΣ; эҳтимолан асри I51) — подшоҳи Ашконӣ (47-51), писари Ардавони II. Дар замони бародараш Вардон, ҳокими Ҳиркониё буд ва пас аз марги ӯ, ҳокими тамоми Шоҳаншоҳии Ашконӣ шуд.

Ҳукумат[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 39 ҳамроҳи бародараш Вардани I (39-47) тахти подшоҳии Портро соҳиб шуда, ҳокими Гиркания гардид. Аммо пас аз чанде миёни Вардан ва Гударзи II барои ҳокимият ихтилоф сар зада, кишварро нооромиҳо фаро гирифт. Вардан барои ҳамроҳ кардани Селевкия ба ҳайати Порт тайи 7 сол кӯшиш намуда, дар аҳди Клавдий (41-54) қурбони дасисаҳои ҳокими Порт ва империяи Рум гардид. Ба қавли Татсит, Гударзи II соли 47 Варданро кушта, подшоҳи мутлақи Порт шуд. Соли 49 Гударзи II дастнишони румиён ва даъвогари тахти шоҳии Порт — Митридот (Меҳрдод)-и набераи Фраати IV (Фарҳоди)-ро (38 то м.-2 м.) дар соҳили дарёи Фурот шикаст дода, ин пирӯзиро дар кӯҳи Бесутун сабт намуд. Дар поёни ҳукмронии Гударзи II ба ҳудудҳои шимолии давлатии Порт (Арманистони ва Атропатена) хатари ҳуҷум ва марзшикании қабилаҳои аланҳо афзуда, кишварро нооромиҳо фаро гирифтанд. Гударзи II соли 51, ба қавли Татсит аз беморӣ ва ба андешаи Иосиф Флавий, бар асари сӯиқасд ба ҳалокат расид. Баъди марги Гударзи II Балоши I (51-78) ‒ (писари Вонони II) ба тахти давлати Порт нишаст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Фрай Ричард. Наследие Ирана М., 1972;
  • История Ирана. М., 1977;
  • Фаррух Кова. Персы. Армия великих царей. М., 2009;
  • Сафо Забеҳулло, Гударзиён. Андеша. Фаслномаи илмӣ-фарҳангӣ. Шумораи I. Д., 2012.