Jump to content

Гудаута

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Маҳалли аҳолинишин
Гудаута
абх. Гәдоуҭа
гурҷӣ: გუდაუთა
Нишон
Нишон
Кишвар  [[|]]
Таърих ва ҷуғрофиё
Минтақаи замонӣ UTC+03:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ
Нишон додан/Пинҳон кардани харита
 Парвандаҳо дар Викианбор

Гудаута — шаҳри курортӣ (аз 1926) дар Абхозистон, дар соҳили баҳри Сиёҳ, маркази маъмурии ноҳияи Гудаута. Дар масофаи 37 км дуртар аз Сухуми ва 43 км дуртар аз Гагра воқеъ гаштааст. Шабакаи р. о. дорад. Аҳолиаш 8073 нафар (2014). Г. аз номи дарёчаи Гудоу, ки аз ҳудуди шаҳр мегузарад, гирифта шудааст. Иқлимаш субтропикии сернам, зимистонаш сабук (ҳарорати миёнаи январ 6°С), тобистонаш гарм (ҳарорати миёнаи июл 24°С). Миқдори бориши солона 1460 мм. Осоишгоҳи замонавии иқлимии наздибаҳрӣ дорад, ки дар он бемориҳои узви нафас, силсилаи асаб ва дилу рагҳои хунгузар муолиҷа карда мешаванд. Г. заводҳои ферментатсияи тамоку, майкашӣ, таъмири автомобил, фабрикаи истеҳсоли чой, корхонаи истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ дорад. Ҳамчунин дар Г. осорхона-мамнуъгоҳи «Абазгия», ибодатгоҳҳои асрҳои 8-9, калисои ҷомеи Успенский (асри 10) маҳфуз мондаанд. Дар Г. соли 1905 Г. К. Орҷоникидзе зиндагӣ кардааст. Дар маркази Г. пойгоҳи низомии Русия (Бамбора) ҷойгир аст. «Гудвилл» (анг. goodwill — шуҳрат), ҳусни шуҳрат, арзиши шуҳрати тиҷоратӣ, ҳусни ният, одат. Сармояи маънавии ширкат (эътибор, салоҳияти техникӣ, иртибот, нуфуз), ки дар баробари фаъолияти истеҳсолӣ — тиҷоратӣ — хадамотӣ ва ғ. дорои арзиши воқеӣ мебошад.

  • Фарҳанг М. Фарҳанги улуми иқтисод. Ҷ. 1. Теҳрон, 1994;
  • Большой экономический словарь. М., 2010.