Гудунг
Гудунг, чашми гӯсола, худунг — навъе аз ангурҳои хӯрданӣ ва мавизии маҳаллӣ; селексияи халқист.
Токаш зудсабз (26-32 дарсади навдаҳояш самаровар), баргаш миёнаҳаҷм, гирда, панҷпарраи камчок, рӯяш тӯр-тӯр, думчабаргаш кӯтоҳ ва сурхтоб. Гулаш дуҷинса, хӯшааш (вазнаш 370—520 г) калони дукмонанд ё махрутшакл; шингилҳои болоияш нағз инкишоф ёфтаанд. Ғужбаш калон, лунда, рангаш сабзи сафедтоб, рахҳои сурхча дорад, ки танҳо ба гудунг хос аст. Ғужмаш ғафс, қаиш, холҳои майдаи сиёҳтоб дорад. Гӯшташ хамираки сероб, карсосӣ, хуштаъм ва хушбӯй, таъми себро мемонад. Баъди пухтан дар таркибаш то 25-27 % қанд ва 4,5-6 г/л ҷавҳар дорад.
Даври нашви гудунг 138—153 рӯз буда, нимаи май гул мекунад, мевааш аввали сентябр мепазад. Аз ҳар га 128—180 сентнер ҳосил мегиранд. Меваашро тар мехӯранд, мавиз мехушконанд. Ҳосилашро то зимистон (то декабр — январ) нигоҳ доштан мумкин аст. Ҳангоми хушконидан аз ҳаҷми тараш 25-27 % мавизи хушсифати ишқорӣ ҳосил мешавад. Токаш ба сармо ва камобӣ тобовар буда, дар заминҳои санглоху лалмӣ нағз месабзад. Гудунг аҳёнан дар токзори куҳнабунёд ва ҳотаи сокинони Хуҷанд, Конибодом, Панҷакент, водии Ҳисор, инчунин вилоятҳои Фарғона, Самарқанд, Қашқадарё ва Сурхондарёи Узбакистон вомехӯрад. Ба касалиҳои гарда ва қарасон тобовар аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гудунг // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Рубан Н. Г. Сорта винограда Средней Азии. Ташкент, 1972;
- Ампелография Узбекистана. Ташкент, 1984.