Гудунги панҷакентӣ
Гудунги панҷакентӣ — навъе аз ангурҳои мавизбоби маҳаллӣ; селексияи халқист.
Баргаш калони панҷпарра (дарозиаш 17-19 см, бараш 16-18 см), камчок, рӯяш суфтаи андак тӯрдор, пушташ бепашмак, думчааш дароз (5-7 см)-и сурхча. Гулаш дуҷинса, хӯшааш калон (дарозиаш 19-26 см, бараш 16-20 см, вазнаш 465—550 г), махрутшакл, шингилҳои болоияш нағз инкишоф ёфтаанд. Ғужбаш калон (дарозиаш 22-25 мм, бараш 19-22 мм, вазни 100-тоаш 950—1057 г), олумонанд. Ғужмаш нафис, мумпардааш ғафс. Гӯшташ хамираки карсосӣ, сершира ва хуштаъм, бӯи анҷир дорад. Тухмаш майда (1-2 дона), қаҳваранг. Дар таркиби ангури расидааш 24 % қанд, 4-5 г/л ҷавҳар мавҷуд аст. Даври нашваш 155—160 рӯз. Нимаи дуюми май гул карда, аввали сентябр мепазад. Ҳосилашро тар мехӯранд, хушконда мавиз мекунанд. Аз ҳаҷми тараш 26-27 % мавизи аълосифати гармиён ҳосил мешавад. Токаш зудсабз, 19-23 дарсади навдаҳояш самаровар, то тирамоҳ 25-35 дарсади навдаҳояш хом мемонанд. Қаламчааш баъди 3 сол бор меоварад. Аз ҳар га 85-105 сентнер ҳосил меғундоранд.
Гудунги панҷакентӣ дар заминҳои санглох низ хуб месабзад. Ҳангоми аз рӯи тартиби 3×2,5 м шинондани ниҳолҳо ва 6-8 буғумӣ монда буридани навдаҳояш аз ҳар га 145—190 сентнер ҳосил ғундоштан мумкин аст. Гудунги панҷакентӣ асосан дар ҳаётаи сокинони деҳаҳои Чорбоғ, Сӯҷина, Ёрӣ, Ғӯсар, Каттақишлоқи ноҳияи Панҷакент, инчунин деҳаҳои гирду атрофи шаҳри Самарқанд парвариш меёбад. Токаш ба касалии гарда устувор буда, аз баргпечаки хӯшаи ток зарар мебинад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гудунги панҷакентӣ / Х. Эмомов, Ҳ. Маҳмадқулов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Плодоводство, виноградарство и овощеводство Таджикистана. Ч. II. Виноградарство. Сталинабад, 1948;
- Ампелография СССР, малораспространённые сорта винограда. М., 1963;
- Виноградарство Таджикистана. Д., 1970;
- Рубан Н. Г. Сорта винограда Средней Азии. Ташкент. 1972.