Jump to content

Гуландом Рустамова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Гуландом Рустамова
Таърихи таваллуд 11 июн 1971(1971-06-11) (53 сол)
Зодгоҳ Бохтар, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ филология
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон.
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои филология
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ба номи Носири Хусрав
Ҷоизаҳо Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2013)

Гуландом Рустамова (тав. 11.06.1971) — омӯзгор, олим, доктори илмҳои филология, профессор. Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2013).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Гуландом Рустамова баъди хатми факултаи забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ба номи Носири Хусрав фаъолиятро дар шуъбаи мактабии Иттифоқи ҷавонони шаҳри Қурғонтеппа оғоз намудааст. Сипас, ҳамчун инструктори шуъбаи ҳифзи ичтимоии иттифоқи касабаи вилояти Хатлон, аз соли 2003 то соли 2006 ба ҳайси сарлаборанти факултаи таърих ва ҳуқуқ, омӯзгори кафедраи назарияи забоншиносӣ ва типологияи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ба номи номи Носири Хусрав кор кардааст. Дар мавзуи «Предложение с присловным объектным распространением в русском и таджикском языках» рисолаи номзадӣ ва соли 2017 рисолаи докториро дифоъ намуд. Солҳои 2007 - 2009 дар вазифаи мудири кафедраи адабиёти рус ва ҷаҳони Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ба номи Носири Хусрав фаъолият намудааст. Аз соли 2011 дар вазифаи мудири кафедраи фанҳои гуманитарии Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон фаъолият дорад. Номбурда муаллифи зиёда аз 80 мақола, 4 монография ва 14 дастури методӣ мебошад. Бо нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон (2013) қадрдонӣ шудааст.