Jump to content

Гуландом Сафаралиева

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Гуландом Сафаралиева
Гуландом Сафаралиева
Ном ба ҳангоми таваллуд: Гуландом Сафаралиева
Таърихи таваллуд: 25 июн 1946(1946-06-25) (78 сол)
Зодгоҳ: ноҳияи Кӯлоб ҶШС Тоҷикистон
Шаҳрвандӣ:
Касб: ҳунарпеша
Солҳои фаъолият аз c. 1970
Театр Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ
Ҷоизаҳо:

Гуландом Сафаралиева – ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1998).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Гуландом Сафаралиева 25 июни соли 1946 дар деҳаи Дошманди ноҳияи Кӯлоб таввалуд ёфтааст. Соли 1964 Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанберо хатм кардааст. Дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ беш аз чор даҳсола ба сифати ҳунарпеша заҳмат кашидааст. Зиёда аз ҳафтод симои драмавӣ, фоҷиавӣ ва мазҳакавӣ бозида, олами ботинии қаҳрамононашро амиқ мекушод. Аввалин касе, ки дар дили ӯ ин санъати касбиро ҷой гардонд, Артисти халқии ҶШС Тоҷикистон марҳум С. И. Мителман буд. Маҳз ӯ дар симои духтараки ҳунарманд зинати саҳнаи тоҷикро дарёфт. Соли 1989 ба унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, соли 1998 Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистонро сазовор гардидааст.

Гуландом Сафаралиева дар намоишномаҳои “Фоҷиаҳои хурд”; “Ҳуррият”; “Хизматгори ду хоҷа”; “Ваня тағо”; “Эзоп”; “Гамлет”; “Шоҳ Лир”; “Тӯй”; “Имтиҳон”; “Бой ва хидматгор””; Интизорӣ”; “Охирин арӯси амиралмӯъминин”; “Афсонаҳои мӯйсафед”; “Эдип”; “Нодира”; “Зебунисо” образҳои ҷолиб офаридааст. Дертар Гуландом дар эҷоди нақшҳои характери психологӣ дошта низ бомуваффақият қувва озмуд. Нақшҳои Дона Анна ва “Фоҷиаҳои хурд”-и Пушкин ва Клея аз “Эзоп”-и Нигейреф аз қабили чунин характерҳоянд.[1]

Бо медали "Барои меҳнати шуҷоатнок" қадр шудааст.

  • Мирзосаидов, С. Истеъдоди саршор: Дар бораи актрисаи Театри академӣ-драмавии ба номи А. Лоҳутӣ Г. Сафаралиева // Комсомоли Тоҷикистон. – 1974. – 27 октябр.
  • Шарофов, М. Саҳназеб: Актрисаи Театри академӣ-драмавии ба номи А. Лоҳутӣ, лауреати мукофоти Комсомоли ленинии Тоҷикистон Г. Сафаралиева // Комсомоли Тоҷикистон. – 1975. – 21 декабр.
  • Ёров, С. Маро дар образ ҷӯед: Ба мукофоти комсомоли ленинии Тоҷикистон пешниҳод кардани актрисаи Театри академӣ-драмавии ба номи А. Лоҳутӣ Г. Сафаралиева // Комсомоли Тоҷикистон. – 1977. – 2 октябр.
  • Мӯсоев, А. Қадри ҳунар: Дар бораи актрисаи Театри академӣ-драмавии ба номи А. Лоҳутӣ Г. Сафаралиева // Комсомоли Тоҷикистон Театри академӣ-драмавии ба номи А. Лоҳутӣ Г. Сафаралиева // Комсомоли Тоҷикистон. – 1977. – 2 декабр.
  • Яҳёев, М. Гуландом: Актрисаи Театри академӣ-драмавии ба номи А. Лоҳутӣ Г. Сафаралиева // Занони Тоҷикистон. – 1978. – №11. – С. 14.
  • Укази Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон Дар бораи ба рафиқа Сафаралиева Гуландом додани унвони фахрии “Артисти хидматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон” // Ведомости Совети Олии ҶШС Тоҷикистон. – 1989. – №22. – С. 4.
  • Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи додани унвони фахрии ҶТ Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ба ҳунарманди Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи А. Лоҳутӣ Сафаралиева Гуландом // Садои мардум. – 1998. – 18 сентябр.
  • Сафаралиева, Г. Сухани ногуфта, дарди ногуфта зиёд дорам: Мусоҳибаи Ортиқи Қодир бо ҳунарманди театр Гуландом Сафаралиева // Чархи гардун. – 2007. – 18 январ.