Ноҳияи Кӯлоб
ноҳияи Кӯлоб | |
---|---|
Донистаниҳо | |
Кишвар : | Тоҷикистон |
Вилоят : | Хатлон |
Марказ: | Кӯлоб |
Замони таъсис : | 23 ноябри соли 1930 |
Раиси ноҳия: | |
Ҷуғрофиёи табиъӣ | |
Паҳноварӣ : | 272,9 км² |
Шумораи шаҳрҳо : | 1 |
Шумораи ҷамоатҳо : | 4 |
Мардум | |
Аҳолӣ (2022) : | 222,1 ҳаз. нафар |
Зичии аҳолӣ (2010) : | 670,0 кас/км² |
Забони расмӣ : | тоҷикӣ |
Забонҳои гуфторӣ : | тоҷикӣ |
Мазҳаб : | ҳанафӣ |
Нишониҳо | |
Сарвожа : | KC |
ISO-намоя[1]: | TJ.KT.KC |
Пешшумора : | +992 3322 |
Нишонии почта : | 735140 |
Замон : | UTC+5 |
Вебгоҳ : | .tj |
Шумораи мошинҳо : | 03РТ |
Ноҳияи Кӯлоб (форсӣ: ناحیۀ کولاب) — яке аз ноҳияҳои идории вилояти Хатлон аст ва дар ҷануби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дорад.
Маркази ин ноҳия шаҳри Кӯлоб (форсӣ: کولاب) аст, ки дар канори рӯди Ахшу, шохоби рости рӯди Панҷ, 203 км ҷанубу ғарбтар аз Душанбе, дар доманаи кӯҳсори Ҳазрати Шоҳ ҷой дорад.
Аҳолӣ — 222,1 ҳаз. нафар (2022)[2].
Аҳолӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сол | 2021 | 2022 |
Аҳолӣ, ҳазор наф. |
218,1 | 222,1 |
Ҷойгоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ноҳияи Кӯлоб бо сарзамине 272,9 км² дар дараи рӯди Яхоб ҷой дорад. Дар шимол бо ноҳияҳои Ховалинг ва Муъминобод, дар шарқ бо ноҳияи Шӯробод, дар ғарб бо ноҳияи Восеъ ва дар ҷануб бо ноҳияи Ҳамадонӣ ҳамсоя аст.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарзамини кунунии ноҳияи Кӯлоб дар садаҳои миёна бахше аз вилояти таърихии Хутталон (форсӣ: خـُتـَلان) ё Хуттал (форсӣ: خـُتَّـَل) буд ки миёни рӯдҳои Панҷ ва Вахш ҷой дошт[3]. Номи ин вилоятро Хатлон (форсӣ: خـَتلان) ва Хуталон (форсӣ: خـُتـَلان) ва ал-Хуттал (форсӣ: الختًل) низ овардаанд. Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» овардааст:
- Зи Хатлон в-аз Тирмизу Висагирд,
- Зи ҳар сӯ сипоҳ андар овард гирд.
Амирони Хуттал, ки Хутталоншоҳ ва ё Шери Хатлон хонда мешуданд, аслу насаби хешро ба Баҳроми Гӯр (Панҷум Баҳром (Вараҳрон) аз подшоҳони Сосонӣ, 420 – 438 м.) мерасонданд. Хироҷи Хутталро дар замони хилофати Аббосиён 193 300 дирҳам зикр кардаанд.
Пас аз инқилоби Бухоро дар соли 1920 ва таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ин ноҳия 23 ноябри соли 1930 дар бахше аз вилояти Кӯлоб дар Ҷумҳурии Шӯравии Сосиалистии Тоҷикистон таъсис ёфта[4] ва 2 декабри соли 1992 бахше аз вилояти Хатлон шуд[5].
Мардум
[вироиш | вироиши манбаъ]Мардуми ноҳияи Кӯлоб ба яке аз гӯишҳои забони тоҷикӣ сухан мегӯянд. Бар пояи омори соли 2016, ноҳияи Кӯлоб 98,6 ҳаз. тан ҷамъият дошт ва зичии аҳолиаш ҳамроҳ бо шаҳри Кӯлоб 670,0 кас дар км² буд[6].
Бахшбандӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Кӯлоб 1 шаҳр ва 4 ҷамоат дорад[7]:
Ҷамоатҳои ноҳияи Кӯлоб[8] | |||||||||||
Ҷамоат | Аҳолӣ (2015) | ||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
шаҳри Кӯлоб | 105 800[9] (2022) | ||||||||||
Даҳана | 28 701 нафар (2017) | ||||||||||
Зарбдор | 16240 | ||||||||||
Зиракӣ | 21522 | ||||||||||
Кӯлоб | 11969 |
Ҳукумат
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарвари ноҳия ва шаҳри Кӯлоб Раиси Ҳукумати он аст, ки ӯро Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мекунад. Ниҳоди қонунгузори шаҳри Кӯлоб Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад, ки онро раъйдиҳандагони ноҳияи Кӯлоб барои 5 сол интихоб мекунанд.
Иқтисодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Ин ноҳияи иқтисодӣ дар қисмати ҷанубу ғарбии Тоҷикистон воқеъ гардида, шароитҳои хоси табиию географиро дорост. Масоҳати он ба 12 ҳаз. км2 баробар буда, релефи мураккаб дорад. Баландии миёнаи кӯҳу қаторкӯҳҳо аз 500 то 2300 метр расида, дар қисмати шимолу шарқӣ ин нишондиҳанда аз 2500 то 4000 метрро дар бар мегирад.
Ноҳияи иқтисодии Кӯлоб мавқеи мувофиқи географӣ дошта, он бо роҳхои автомобилгард ба ноҳияҳои Вахшу Ҳисор робитаҳои хуби иқтисодӣ дорад. Роҳи оҳани Қӯрғонтеппа-Кӯлоб ва шоҳроҳи Кӯлоб-Қалъаихум-Хоруғ-Мурғоб-Кулма дар баробари алоқаҳои дохилӣ, боз муносибатҳои берунмарзии ноҳияро мустаҳкам намуда, барои пешрафти соҳаҳои муҳими саноату кишоварзӣ шароитҳои муҳим фароҳам меоварад.
ПАНДУ АНДАРЗ, ХАЗИНАИ МАЪРИФАТ, СУХАНҲОИ БУЗУРГОНРО АЗ ИНҶО МУТОЛИА НАМОЕД >>ПАНДУ АНДАРЗ
Шароитҳои табиии ноҳия вобаста ба мавқеи географии он гуногун аст. Дар қисми Шарқии ноҳия қаторкӯҳҳои Ҳазратишоҳ ба таври мередионалӣ ҷойгир шуда, дар қисмати Марказӣ ва Шарқии он кӯҳҳои Вахш, Тереклитоғ, Қаротоғ ва Ҷилонтоғ ҷойгиранд, ки баландии миёнаи онҳо аз 1100 то 1700 метр мерасанд. Қисми ҳамвории онро водиҳои Данғара, Кӯлоб ва Фархор ишғол мекунанд. Ҳангоми аз қисмати ҳамвориҳо ба кӯҳдоман ҳаракат кардан қонунан ивазшавии зонаҳои табииро ба таври вертикалӣ чунин мушоҳида мекунем: биёбон, нимбиёбон, даштҳои кӯҳӣ, марғзорҳои супалпӣ ва алпӣ. Ин ноҳия бо ҳавои гарм ва миқдори ками боришот дар қисмати ҳамворигӣ фарқ мекунад. Ҳарорати миёнаи солона ба +16+170С баробар буда, миқдори боришот аз 250 дар ҳамвориҳо расида, дар қисмати ноҳияҳои кӯҳсор аз 400 то 600 мм-ро ташкил медиҳад. Маҷмӯи ҳарорати мусбӣ дар водиҳои Яхсу, Қизилсу ва Тоирсу то 50000-53500 мерасад. Хоки ноҳия асосан хокистарии равшан ва хокистарии сиёҳтоб буда, набототи он аз эфимерҳо ва растаниҳои ба хушкӣ тобовар иборатанд.
Ноҳияи Кӯлоб аз сарватҳои зеризаминӣ бой аст. Дар ҳудуди он нефт, газ, намаки ошӣ, тилло, селестин ва миқдори зиёди масолеҳи сохтмон тадқиқ карда шудаанд.
Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
Реклама | MediaSniper
Дар ноҳияи Кӯлоб зиёда аз 30 конҳои зеризаминӣ кашф шудааст, ки танҳо 6-тои он истифода бурда мешавад. Аз рӯи тадқиқоти геологҳо дар ин минтақа 25 % захираҳои конҳои тиллои пароканда, 95 % конҳои намаки ошӣ ва қариб 60 % захираи нефту гази мамлакат ҷойгир шудааст. Шароит ва сарватҳои табиии ноҳия барои парвариши пахта, шолӣ, боғу токзор ва кишти зироатҳои лалмӣ (ғалладона, зағир) имконият медиҳад.
Обҳои дохилии ноҳияро шабакаи дарёҳо, обанборҳо ва обҳои зеризаминӣ ташкил менамоянд. Захираи умумии обҳо дар ноҳия ба 4000 млн. м3 баробар аст, ки ин 8% ҳаҷми умумии обҳои кишварро дар бар мегиранд. Ноҳия қисмати резишгоҳи поёнии дарёи Панҷро бо шохаҳои Қизилсу, Кулобдара, Яхсу ва Тоирсу ишғол мекунад. Дар ҳудуди ноҳия ноҳия ду обанбор Мӯъминобод ва Селбур вуҷуд доранд, ки ҳаҷми оби онҳо ба 54,6 млн. м3 баробар меояд. Захираи истифодашавандаи обҳои зеризаминӣ ба 328,0 млн. м3 баробар аст. Ҳоло ба ҳиссаи ноҳия 15,5% захираи обҳои истифодашаванда ва 20% захираи дурнамои обҳои зеризаминии ҷумҳурӣ рост меояд.
Кӯлҳо дар қаламрави ноҳия зиёд нестанд. Онҳо ҳаҷман хурд буда, обашон шӯр ва тобистон хушк мешаванд. Дар ноҳияи Темурмалик аз онҳо намак ва лойқаи табобатӣ мегиранд. Ҳамин тавр, шароити мусоиди табиӣ, мавҷуд будани сарватҳои бойи зеризаминӣ, мавқеи мувофиқи иқтисодӣ-географӣ (наздик бо ноҳияҳои инкишофёфтаи Ҳисору Вахш, пайваст будан ба шабакаи роҳи оҳан ва шоҳроҳи байналмилалии Кӯлоб-Қалъаихумб-Хоруғ-Мурғоб-Кулма) барои пешрафти соҳаҳои иқтисодии ноҳия шароитҳои муҳим фароҳам меорад.
Давраҳои ташаккули хоҷагии ноҳияи Кӯлоб зимни истифодаи шароитҳои мусоиди табиӣ дар давоми асрҳо ташаккул ёфтааст. Аз қаламрави ин сарзамин роҳе мегузашт, ки тавассути он давлати бузурги Хитой бо давлатҳои Шарқи Наздик, Россия ва Аврупо тиҷорату савдо менамуданд. Пайвастагии ноҳия бо «Роҳи абрешим» ба пешрафти иқтисодиёти он такон дод. Шаҳрҳое, ки дар самти роҳ ҷойгир буданд, (Кӯлоб, Ҳулбук ва ғайра) ба марказҳои тиҷоратӣ, косибӣ ва ҳунармандӣ табдил ёфтанд. Дар деҳаҳои атрофи шаҳрҳо ва доманакӯҳҳо зироаткорӣ ва чорводорӣ инкишоф ёфта буд. Аз рӯи бозёфтҳои бостоншиносон маҳсулоти косибон ва ҳунармардон берун аз ҳудуди ноҳия шӯҳрат пайдо намуда буданд. Бо вуҷуди он хоҷагии ноҳия шакли натуралӣ дошт. Корхонаҳои саноатӣ қариб вуҷуд надоштанд, ғайр аз артелҳои хурди коркарди тилло дар резишгоҳи дарёи Яхсу.
Дар замони Ҳокимияти Советӣ диққати асосӣ ба истеҳсоли ғалла, зироатҳои техникӣ (пахтакорӣ) ва чорводорӣ равона карда шуд. Барои инкишофи соҳаи пахтакорӣ обанборҳои Селбур ва Мӯъминобод бунёд ёфтанд. Дар як вақт ба тараққиёти соҳаи боғу токдорӣ низ диқкати асосӣ дода шуд. Мавҷудияти чарогоҳҳои васеъ, хусусан дар водии Данғара барои зимистонгузаронии чорво шароити мусоид мавҷуд буд. Тобистон бошад, дар қисмати кӯҳсор, чарогоҳҳои зонаи супалпӣ ва алпӣ майдонҳои хело васеъро дар бар мегирифт. Чарогоҳхои зимистонаи ноҳияи Данғараро дигар ноҳияҳои кӯҳсори ҳамсоя истифода мебурданд. Заминҳои обёришаванда дар тамоми ноҳия ҳамагӣ 13 ҳазор га дар бар мегирифт. Бинобар дар солҳои 30 ва 40-уми асри гузашта, барои беҳтар намудани системаи обёрӣ корҳои зиёд ба ҷо оварда шуд ва дар заминҳои аз 300 метр паст, яъне дар водиҳои Қизилсу ва Яхсу обёрии заминҳо сар карда шуда, кишти пахта ва шолиро васеъ намуданд. То Ҷанги Бузурги Ватанӣ миқдори кишти майдонҳои пахта то 10 ҳазор гектар расонида шуд.
Саноати ноҳия зимни коркарди ашёи хоми соҳаи кишоварзӣ инкишоф ёфт. Ба хотири он ки ҳосили пахта ба масофаи дур кашонида нашавад дар шаҳри Кӯлоб ва Фархор аввалан заводҳои пахтатозакунӣ бунёд ёфтанд. Каме баъдтар дар ҳамшафати корхонаҳои номбурда корхонаҳои равғанкашӣ сохта шуд.
То соли 1956 маҳсулоти саноату хоҷагии қишлоқ аз водиҳои Яхсу ва Қизилсу то водиҳои Ҳисор ва Вахш бо воситаи автомобилҳои боркаш дар масофаи дур ба ҷо оварда мешуд. Барои беҳтар кардани боркашонӣ байни ин ноҳияҳо роҳи оҳани камбар ба кор дароварданд. Баъди бунёди якчанд нерӯгоҳхои хурди барқӣ ва ба ин ҷо ворид гардидани қувваи барқӣ нерӯгоҳи обии Норак имконияти сохтмони корхонаҳои гуногун ва бо ёрии насосҳои барқӣ азхудкунии заминҳои нав ба вуҷуд омад.
Дар замони Ҳокимияти Советӣ афзоиши аҳолӣ суръати хело баландро ноил гашт. Соли 1939 аҳолии ноҳия ҳамагӣ 230 ҳазорро ташкил мекард. Дар солҳои 50 ва 60-уми асри гузашта, суръати миёнаи афзоиши аҳолӣ 2,1 ва солҳои 70-ум бошад, қариб ба 3 фоиз расид. Солҳои 40-ум ва 50-уми асри гузашта аз қисмати кӯҳистони Балҷувон, Мӯъминобод, Ховалинг, Сарихосор қисми зиёди аҳолӣ ба ноҳияҳои Восеъ, Фархор, Москва (Ҳамадонӣ) ва инчунин ба водии Вахш кӯчонида шуданд. Бо ин мақсад дар заминҳои нав хоҷагиҳои пахтакорӣ барпо ёфтанд ва мардуми кӯҳистони ин водиҳо ба пахтакорӣ машғул шуданд. Ҳоло суръати миёнаи афзоиши аҳолӣ ба 2,4 % мерасад ва зичии миёнаи он дар 1 км2 қариб 40 нафарро ташкил медиҳад. Дар баробари бунёд ёфтани корхонаҳои саноатӣ аҳолии шаҳр низ афзоиш ёфт. Ҳоло аҳолии шаҳр 17 %-ро дар бар мегирад, ки аксарият дар шаҳри Кӯлоб зиндагӣ мекунанд. Бекорӣ ҳиссаи зиёди аҳолиро дар бар гирифта, муҳоҷирати меҳнатӣ сол аз сол меафзояд.
Комплекси хоҷагии халқи ноҳияи Кӯлоб асосан дар давраи Ҳокимияти Шӯравӣ ташаккул ва инкишоф ёфт. Ҳоло ноҳияи мазкур аз ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти саноат ва кишоварзӣ дар миқёси мамлакат ҷои чорумро ишғол мекунад. Соҳаи асосии тахассуси ноҳияро пахтакорӣ, ғаллакорӣ ва чорводорӣ ташкил медиҳад. Ҳоло ба ҳиссаи ноҳия 37 %-и истеҳсоли ғалла, қариб 20 %-и пахта ва 26 %-и истеҳсоли ангури ҷумҳурӣ рост меояд. Солҳои охир, ба тараққиёти кирмакпарварӣ диққати зиёд дода мешавад. Ҳоло ноҳияҳои Кӯлоб, Восеъ, Ҳамадонӣ ва Фархор 66 %-и пиллаи ноҳияро медиҳанд.
Ноҳияи иқтисодии Кӯлоб аз ҷиҳати истеҳсоли ғалла, гӯшт ва намак ба ҳар сари аҳолӣ дар мамлакат ҷои аввал ва аз нахи пахта ва истеҳсоли равғани чорво дар ҷои дуввум меистад. Солҳои охир дар комплекси агросаноатии ноҳия ҳиссаи боғу токпарварӣ хело зиёд шудааст. Агар миқдори умумии заминҳои кишоварзӣ 718,7 ҳазор гектар бошанд, пас заминҳои обёришаванда 66 ҳазор гектарро дар бар мегиранд. Қисми зиёди заминҳои обёришавандаи ноҳия дар водиҳои дарёи Қизилсу-Яхсу, мавзеи Ховалинг ва Данғара ҷойгир шудаанд.
Солҳои охир, ба тараққиёти саноат дар ноҳия диққати асосӣ дода мешавад. Ҳоло дар ин ҷо якчанд заводҳои пахтатозакунӣ, заводи технологӣ, таҷрибавӣ, комбинати гӯшт, заводҳои равғанкашӣ, орду ярма, заводи истеҳсоли намак, масолеҳи бинокорӣ ва ғайра ҷойгир шудаанд.
Соҳаи металлургияи рангаро корхонаи истихроҷи тиллои «Дарвоз» ва корхонаи истеҳсоли селестини «Чолтош» ташкил медиҳанд. Асоси корхонаи истихроҷи тиллои «Дарвоз»-ро конҳои парокандаи тиллои Яхсу, Бомовло, Сафеддара ва Мучкакиён дар бар мегиранд.
Соҳаи саноати сӯзишворию энергетикиро конҳои ангишт ва нефту газ нишон медиҳанд. Дар ҳудуди ноҳия кони ангишти Шӯробод ҷойгир шудааст. Сифати ангишти Шӯробод хело паст буда, он барои истифода бурдан раво дониста намешавад.
Аз тарафи дигар, дар ин мавзеъ захираҳои калони нефту газ маълум карда шудааст. Конҳои омехтаи нефту газ ин Хоҷасартез, Гулдара, Узунанхор, Балҷувон, Сулдузӣ, Хоҷасарпиёз ва ғайра ба ҳисоб мераванд. Дар асоси ин конҳо сохтани корхонаҳои хурду миёнаи коркарди нефт бо иқтидори солонаи аз 25 то 75 ҳазор тонна ба мақсад мувофиқ аст.
Дар ноҳияи Кӯлоб мавқеи муҳимро саноати электроэнергетика мебозад. Ғайри нерӯгоҳи барқии Норак (бо иқтидори 3 млн. кВт) ба наздики нерӯгоҳи Сангтӯда-1 (бо ҳамкории Россия, иқтидораш 670 ҳаз. кВт) ба кор даромад. Бо дастгирии мамлакати Эрон ба наздики нерӯгоҳи Сангтӯда-2 (бо иқтидори 220 ҳазор кВт) ба кор медарояд.
Барои инкишофи саноати химия ғайр аз конҳои нефт, боз захираҳои бузурги намаки ошӣ мавҷуд аст. Конҳои калонтарини он Хоҷамӯъмин (бо захираи зиёда аз 30 млрд. тонна), Хоҷасартез, Тутбулоқ ба ҳисоб мераванд.
Ноҳияи иқтисодии Кӯлоб дорои шабакаи инкишофёфтаи нақлиёт мебошад. Ноҳия аз ҷиҳати таъмин будани роҳ дар байни ноҳияҳои иқтисодӣ яке аз ҷойҳои аввалро ишғол мекунад. Дар баробари роҳҳои маҳаллии автомобилӣ, боз аз ҳудуди ноҳия шоҳроҳи байналмилалии Кӯлоб-Қалъаихумб-Хоруғ-Мурғоб-Кулма ва роҳи оҳани Кӯлоб-Қӯрғонтеппа мегузарад. Дар ин ҷо аэропорти байналмилалӣ дар шаҳри Кӯлоб ба бисёр шаҳрҳои бурунмарзӣ алоқаи зич дорад.
Ҳамин тавр, пешрафти минбаъдаи соҳаҳои саноату кишоварзии ноҳияи Кӯлоб ба самаранок истифодабарии сарватҳои табиӣ ва оқилона ҷойгиркунии соҳаҳои муҳими истеҳсолот зич алоқаманд мебошад.
Омӯзишу парвариш
[вироиш | вироиши манбаъ]Ин зерсаҳифа ҳанӯз нонавишта аст. Мувофиқи фикри яке аз корбарони Википедиа, дар ин ҷо бояд мавзӯъи хусусии зерсаҳифа бошад. Шумо метавонед кӯмак расонед ва ин зерсаҳифаро эҷод кунед. |
Ниҳодҳои фарҳангӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Шаҳри Кӯлоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 ҳамчун Пойтахти фарҳангии ИСЕСКО пешниҳод гардидааст. Ин матлаб 14 феврал зимни мулоқоти намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони ҷаҳонии исломӣ оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг дар шаҳри Душанбе баён карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати фарҳанги мамлакат иттилоъ доданд.
Ба иттилои намояндаи ин созмон, пешниҳоди мазкур моҳи май-июни соли равон дар ҷаласаи навбатии ИСЕСКО мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.
Дар мулоқот масъалаи ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг, аз ҷумла мероси таърихию фарҳангӣ, санъат, осорхона, китобхона, табъу нашр ва дигар унсурҳои фарҳангӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Иброз гардид, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Созмони ИСЕСКО соли 2022 якчанд ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси фарҳанги ҷаҳони ислом шомил карда шуданд.
Ҳамзамон ҷонибҳо ҳамкории минбаъдаро ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори илмӣ ва таҷрибавии кормандони соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ, омода кардани парвандаҳои номинатсияи ёдгориҳои таърихии тоҷик ва дигар масъалаҳо мавриди таҳлил қарор доданд.
Ба иттилои манбаъ, 15 — 16 феврал дар шаҳри Душанбе бо ҷалби коршиносон ва намояндаи Созмони ИСЕСКО, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати омӯзишӣ барои кормандони соҳаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ баргузор мегардад
Мардуми ноҳияи Кӯлоб бисёр мардуми бо фарҳанг ва меҳмон дӯст мебошанд ва фарҳанги баланди либоспӯши доранд. Либоси милли ин диёр чакан ба ҳисоб меравад. Хӯрокҳои милли ин минтақа дар дигар ҷойҳо маълуму машҳур аст.
Беҳдошту беҳзистӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ин зерсаҳифа ҳанӯз нонавишта аст. Мувофиқи фикри яке аз корбарони Википедиа, дар ин ҷо бояд мавзӯъи хусусии зерсаҳифа бошад. Шумо метавонед кӯмак расонед ва ин зерсаҳифаро эҷод кунед. |
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Дьяконов М. М. Археологические работы в нижнем течении реки Кафирнигана (Кобадиан). Труды Таджикской археологической экспедиции. Т. 2. — М. — Л.
- Окладников А. П. Исследования памятников каменного века Таджикистана. Труды Таджикской археологической экспедиции. Т. 3. — М.-Л.. 1958.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Raions of Tajikistan
- ↑ Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. ШУМОРАИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТО 1 ЯНВАРИ СОЛИ 2022. 20 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 октябри 2022.
- ↑ Камалиддинов Ш.С. Историческая география Южного Согда и Тохаристана по арабоязычным источникам IX - начала XIII вв. Глава 2. Историческая география Северного Тохаристана 2.8. ХУТТАЛАН
- ↑ Кулябский район
- ↑ КУЛЯБСКИЙ РАЙОН. 26 апрели 2011 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 25 июли 2010.
- ↑ Численность населения Республики Таджикистан на 1 января 2016 года. Сообщение Агентства по статистике при Президенте Республики Таджикистан.. 1 октябри 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 2 июли 2015.
- ↑ Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон. — Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013. — 332 с.
- ↑ нусхаи бойгонӣ. 26 апрели 2011 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 23 октябри 2011.
- ↑ Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. ШУМОРАИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТО 1 ЯНВАРИ СОЛИ 2022. 20 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 октябри 2022.