Гулбаданбегим

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Гулбаданбегим
Gg8u382h.png
Таърихи таваллуд: тақрибан 1523
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 7 феврал 1603(1603-02-07)
Маҳалли даргузашт:
Навъи фаъолият: муаррих, нависанда
Забони осор: форсӣ

Гулбаданбегим (форсӣ: گلبدن‌بیگم‎), Гулбаданбону (форсӣ: گل‌بدن‌بانو‎; тақрибан 1523, Кобул7 феврал 1603, Агра) — нависанда, шоир ва таърихнигори форсизабони Ҳинд.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Духтари Заҳируддин Бобур. Гулбаданбегим то 6-солагиаш дар Кобул зиста, соли 1528 ҳамроҳи падараш ба шаҳри Аграи Ҳиндустон рафт. Баъди вафоти Бобур (1530) Гулбаданбегим дар тарбияи модараш монд. Гулбаданбегим дар дарбори Акбар (ҳукмронӣ 1556—1606) нуфузу эътибори зиёд дошт.

Ягона асари ба мо расидаи илмию адабии ба забони форсӣ-тоҷикӣ навиштаи Гулбаданбегим «Аҳволи Ҳумоюн» (1585-87), аст, ки бо номҳои «Ҳумоюннома» ва «Гулбаданнома» машҳур аст. Гулбаданбегим асарашро ҳамчун хотирот дар пайравии «Бобурнома» бо дархости Абулфазли Алломӣ ва бо супориши Акбар барои таълифи «Акбарнома» навишт. Гулбаданбегим бинобар хурдсолӣ давраи ҳукмронии падарашро хуб дар хотир надошт ва воқеаҳои давраи охири ҳаёти Бобурро бо истифода аз «Бобурнома» навишт. Қисми зиёди хотироти Гулбаданбегим ба шарҳи ҳодисаҳои замони ҳукмронии Ҳумоюн бахшида шуда, бо зикри воқеаи милкашӣ ба чашми Комрон Мирзо хотима меёбад. Гулбаданбегим ҳангоми тасвири ҷангҳои тахтхоҳонаи бародарон (Ҳумоюн, Аскарӣ, Сулаймон, Комрон ва Ҳиндол) Ҳумоюнро пуштибонӣ кардааст. «Ҳумоюннома» гарчанде асари нотамом аст, барои омӯзиши вазъи таърихӣ, расму ойин ва адабиёту санъати замони муаллиф аҳаммияти бузург дорад. Забони асар содаву равон буда, шакли ҷамъи ба кор бурдашуда — моён, шумоён ва эшонон дар асар вожаҳои баргирифта аз забони форсӣ-тоҷикии Мовароуннаҳр мебошанд. Ин асар ба забонҳои англисӣ, олмонӣ, ҳиндӣ ва ӯзбекӣ тарҷума шудааст. Баргардони ӯзбекии он бо матни тоҷикиаш дар Тошканд ба табъ расидааст (1959). Нусхаи дастнависи «Ҳумоюннома» дар Осорхонаи Британия маҳфуз аст. Мувофиқи маълумоти «Тазкирату-л-хавотин»-и Маҳдихоҷа Гулбаданбегим табъи шоирӣ ҳам доштааст.

Байти зерин аз ӯст:

Ҳар парирӯе, ки ӯ бо ошиқи худ ёр нест.
Ту яқин медон, ки ҳеч аз умр бархурдор нест.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]