Гулбарги бодҳо
Гулбарги бодҳо — хатти ҳаракати шамол, дар соҳаҳои обуҳавошиносӣ ва иқлимшиносӣ графикест, ки реҷаи ҳаракати бодро дар маҳалли дахлдор нишон медиҳад; маъмулан, мувофиқи мушоҳидаҳои чандинсола барои моҳ, фасл, сол сохта мешавад.
Дар 8 (ё 16) лавзӣ (ромб) бо миқёс (андоза)-и интихобшуда дар шакли векторҳо шумораи такроршавии самт ё қиматҳои миёна ё калонтарини суръати бодро (бо % аз шумораи умумии мушоҳидаҳо), ки ба ҳар ромб мувофиқат мекунад, сабт менамоянд. Нӯки векторҳоро бо ҳам бо хатти шикаста пайваст менамоянд (расм). Гулбарги бодҳоро ҳангоми сохтмони хатҳои парвозу фурудоии тайёраҳо ва роҳҳои автомобилгард, кашидани нақшаи маҳалҳои аҳолинишин, ҷойгиркунии хонаҳои иқоматӣ ва минтақаҳои саноатӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагидорӣ (кишоварзӣ, агрономия, хоҷагиҳои ҷангал, экология ва ғ.) истифода мебаранд. Инчунин гулбарги бодҳо имкон медиҳад, ки дар бораи парвози мавсимии парандаҳо, ҳаракати олудакунандаҳои ҳаво ва ғайра маълумот ба даст ояд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гулбарги бодҳо / М. Азимова // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.