Jump to content

Гулбаст

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Гулбаст — навъи матоъи қадимии тоҷикон. Ин матоъ пахтагин буда, нақшҳои хос дошт. Дар минтақаи Кӯлоб маъмултар будааст.

Чунин матоъро косибони маҳаллӣ, аксаран занҳо нақшпартоӣ ва кашидадӯзӣ мекарданд. Барои гулбасткорӣ сони сафеди софро (бо риштаҳои абрешимӣ ва маснӯӣ махлут набошад ва маъмулан онро сони ғуломҷонӣ ном мебаранд) интихоб мекунанд. Дар гулбасткорӣ интихоби рангҳо ва нақшҳо хеле муассир ва муҳим мебошад, вале аслан аз рангҳои одӣ, ки байни мардум бо номи ранги қаволӣ маъмуланд, кор гирифта мешавад. Одатан, гулбаст сабз, сурхи сиёҳтоб, зард мешавад, вале аз қадим бештар гулбасти сиёҳранг (ба номи сиядуқ, сиядуқи ҷигарӣ маъмул аст) роиҷ буд. Гулҳояш шабеҳи офтоб, моҳтоб, шохча, бодом, тӯмор ва ғ. мебошанд.

Пас аз интихоби матоъ ва ранг гулбаст тақр. чунин таҳия мегардад: аввал навъи нақш ё гулро интихоб менамоянд. Агар манзур гулбасти зард бошад, дар нӯги чӯб каме докаро печонда, онро дар ранги сипарии зард олонда, рӯи сони сафед ба тарзи сохти гули интихобшуда мечаконанд. Сипас тарҳи гули чакондашударо бо ресмонҳои пахтагини сафед мебанданд. Гулбаст ном гирифтани матоъ низ аз ҳамин ҷост. Ҳар як чакидаро алоҳида бояд баст. Пас аз банду басти гулҳо матоъро дар деге, ки рангобаи зард дорад, 15 дақиқа меҷӯшонанд. Баъдан онро аз дег гирифта, дар оби хунук мегардонанд ва дар тори офтобрас меовезанд. Пас аз хунук шудани матоъ гулҳои бастаро кушода, бо рангҳои сурхи сиядуқ, гулобӣ ё сабз оро додан зарур аст ва гулҳои рӯи матоъ маълум мегарданд. Гулбаст дар ду қисми курта — қад ва остин омода мегардад. Ин тарз шакли қадимист. Ҳоло гулбастҳоро дар як қад омода менамоянд. Дар рӯи гулбасти анъанавӣ ҳар як гул макон — ҷои худро дорад; чунончи, дар қисми гиребони курта ҳатман гули маҳтоб чаконида шуда, дар доман ва аз пасу пеш гулҳои офтоб, каҷак, бодом, шохча, ки бо гулҳои гирдак аз ҳам ҷудо мешаванд, чаконда мешаванд. Пойҷомаи гулбаст низ ба ҳамин усул омода карда мешавад. Рӯймоли гулбаст аз дока таҳия мегардад.

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]