Jump to content

Гулбаҳор

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Город
Махмудраки
дарӣ: محمود راقى
35°01′14″ с. ш. 69°19′50″ в. д.HGЯO
Кишвар  [[|]]
Таърих ва ҷуғрофиё
Баландии марказ 1 486 м
Нишон додан/Пинҳон кардани харита
Махмудраки дар харитаи
Махмудраки
Махмудраки

Гулбаҳор ё Маҳмудроқӣ (дарӣ: محمود راقی) — шаҳр дар қисми марказии Афғонистон, маркази маъмурии вулусволӣ ва вилояти Кописо. Фосила то Кобул 76 км. Масоҳаташ 16 км2.  Аҳолӣ 7,4 ҳазор нафар, бо аҳолии деҳаҳои тобеи шаҳр тақрибан 150 ҳазор нафар (2020). Дар саргаҳи дараи Тангӣ, дар баландии 1450 м аз с. б. воқеъ аст. Аксари аҳолӣ тоҷикон буда, ҳамчунин, паштунҳо, пашаӣ ва дигар гурӯҳҳои қавмӣ зиндагӣ мекунанд.

Маҳмудроқӣ дар минтақаи кӯҳистонӣ воқеъ аст, табиати зебо ва оби фаровон дорад. Дар минтақаи Сайёди Маҳмудроқӣ 4 дарё – Панҷшер, Ғурбанд, Шутул ва Соланг ба ҳам пайваста, дар ҷараёни поинӣ ба дарёи Кобул мерезанд. Маҳмудроқӣ аз 4 ноҳия ва 50 маҳалла иборат аст. Маҳаллаҳои асосии шаҳр: Сидқобод, Навобод, Шухӣ, Қалъаи Сайидхон, Бобоалӣ, Гулдон, Реги Равон, Сайёд, Дарбофон ва ғ. Шоҳроҳи Сурубӣ – Ҷабалуссироҷ аз байни Маҳмудроқӣ мегузарад ва минтақаҳои шимолу шарқиро ба ҳам мепайвандад. Боғи милли Сайёд, кӯҳ ва боғи Реги Равон маконҳои фароғатӣ, Бурҷи Абдулло ва Сидқобод мавзеъҳои таърихии Маҳмудроқӣ мебошанд. Дар маҳаллаҳои Бобоалӣ, Сайёд ва Гулдон бозорҳои бузург мавҷуданд.

Дар шаҳр чанд корхонаи истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ ва коркарди пӯсти қароқӯлӣ фаъолият доранд. Маркази тиҷорати маҳсулоти истеҳсоли кишоварзони маҳаллӣ – пахта, кунҷит ва тамоку аст. Корхонаи нассоҷии Гулбаҳор Дар қисми шимолу шарқи Маҳмудроқӣ, яке аз бузургтарин корхонаи истеҳсолии Афғонистон ба ҳисоб меравад. Замони ҳукмронии Муҳаммад Довудхон (1973–75) лоиҳаи бунёди обанбор дар наздикии Маҳмудроқӣ тарҳрезӣ ва корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд. Мутобиқи лоиҳа, баландии дарғот 200 м, ҳавзаи обгирии он 3565 км2 ва захираи оби обанбор 760 млн м3-ро ташкил дода, имкон фароҳам меовард, то 40 ҳазор га замини кишоварзӣ обёрӣ шавад. Ҳамзамон, бунёди НБО бо иқтидори 120 мВт ба нақша гирифта шуд. Соли 2008 байни Афғонистон ва Эрон оид ба эҳёи раванди бунёди неругоҳ қарордод имзо шуд, вале ба марҳалаи иҷро нарасид.

Дар Маҳмудроқӣ Донишгоҳи ал-Берунӣ фаъолият дорад, ки бо ташаббуси Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд бунёд ёфт, донишҷӯён дар риштаҳои кишоварзӣ, мутолиоти исломӣ, муҳандисӣ, пизишкӣ ва адабиёт таҳсил менамоянд.

  • تهران، چاپ چهارم، سال ۱۳۹۰ش.شناسنامه افغانستان .بصیر احمد دولت آبادی