Георгий Гулиа
Таърихи таваллуд: | 1 (14) март 1913 |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 18 октябр 1989 (76 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | нависанда, рӯзноманигор |
Жанр: | повест[d] |
Забони осор: | русӣ[1] |
Ҷоизаҳо: |
Георгий Дмитриевич Гу́лиа (1 [14] март 1913, Сухум, Sukhumi Okrug[d] — 18 октябр 1989, Маскав) — адиби абхозитабори рус.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Донишкадаи муҳандисии роҳҳои оҳани ш. Тифлисро (1935) хатм карда, ҳамчун муҳандис дар сохтмони р. о.-и соҳили баҳри Сиёҳ кор кард. Аз хурдсолӣ ба рӯзноманигорию рассомӣ шуғл меварзид. Нахустин асараш — повести «Дар нишебӣ» (1930). Пас аз ҶБВ барои кор ба Маскав, ба нашрияи «Литературная газета» даъват шуд (1948). Нашри романи «Баҳор дар Сакан» (1948) ӯро шуҳратманд сохт ва сазовори Мукофоти давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ гашт (1949). Ин роман якҷо бо романҳои «Шаҳри хуб» (1949) ва «Кама» (1954) асари сегона (трилогия) шумурда мешаванд. Георгий Гулиа баъдан ба мавзӯи достонҳои таърихӣ низ рӯ овард. Дар ин замина асари сегонаи «Фиръавн Охнотун» (1968), «Шахсе аз Афина» (1969), «Сулла» (1971) авҷи эҷодиёти ӯ ба шумор меравад. «Зиндагӣ ва марги Михаил Лермонтов» (1973) ва «Достони Умари Хайём» (1975) аз дигар осори таърихии ӯянд.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Собранное сочинений: В 4 т. М., 1987-88.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гулиа Георгий Дмитриевич // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Тверской А. Д. Гулиа как он есть. Сухуми, 1985;
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 14 март
- Зодагони соли 1913
- Зодагони Империяи Русия
- Даргузаштагони 18 октябр
- Даргузаштагони соли 1989
- Даргузаштагони Маскав
- Дорандагони ордени Байрақи Сурхи Меҳнат
- Дорандагони ордени «Нишони Фахрӣ»
- Сарфарозшудагон бо медали «Барои меҳнати шуҷоатнок дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945»
- Барандагони Мукофоти сталинӣ
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Адибон аз рӯи алифбо