Jump to content

Гулистон (нашрия)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

«Гулистон» — нашрияи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор.

Соли 1935 таъсис ёфтааст. То соли 1956 бо номи «Пахтачӣ» ҳафтае як бор ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ ба табъ расидааст. Аз 1 январи 1956 то охири соли 1959 бо номи «Коммунисти Фархор» чоп мешуд. Аз ибтидои соли 1960 то июли 1965 бинобар муттаҳид шудани рӯзномаҳои ноҳиявӣ бо нашрияҳои минтақавӣ ва таъсиси газетаи байниноҳиявии «Ҳаёти қишлоқ» фаъолияташ қатъ гардид. Аз 11 июли 1965 бо номи «Гулистон» барқарор шуда, то декабри 1975 ба табъ расид. Нашри «Гулистон» 3 декабри 1975 боз қатъ шуда, 1 январи 1981 барқарор гардид. Аз майи 1992 то соли 2005 нашрияи Шӯрои вакилони халқи ноҳияи Фархор буд. Аз соли 2005 нашрияи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор. Дар даврони шӯравӣ ташвиқу тарғиби корҳои саҳроӣ, корномаи заҳматкашони деҳот баҳри рӯёндани ҳосили баланди пахта, васфи дӯстии халқҳо мавзӯъҳои марказии «Гулистон» буданд. «Гулистон» ба инъикоси масъалаҳои маориф, тарғиби адабиёт низ таваҷҷуҳ дошт. Имрӯз дар мавзӯъҳои гуногун мақолаҳо нашр мекунад. Солҳои гуногун дар «Гулистон» рӯзноманигорон Ф. Зокиров, Б. Усмонов, М. Сониев, А. Абдусамадов, М. Шарифова, С. Азизов, А. Абдуллоев, Н. Ояҳмадов, С. Асозода, И. Нуралиев, М. Муҳиддинҷонов, О. Қодиров, Ғ. Сафаров, Н. Ҳақназаров, А. Музаффарова фаъолият доштанд. Сармуҳаррирони «Гулистон»: Ҳ. Гулмаҳмадов, Қ. Холмуҳаммадов, Н. Одинаев (1965-75), Ш. Файзалиев (1981-91), А. Аҳмадхонов (1991-95), аз соли 1995 А. Муслимов. «Гулистон» моҳе ду бор бо теъдоди 3 ҳазор нусха ба табъ мерасад (2014).