Гули сурх (ҷашн)
«Гули сурх», сайри гули сурх, сайри лола, иди лола — яке аз бузургтарин иди мардумӣ, ки баъди ҷашни Наврӯз доир мегашт.
Мардумони ориёитабор ба муносибати фарорасии баҳор ва шукуфтани зеботарину хушбӯйтарини гулҳо — гули сурх (лола) аз қадим ҷашн меоростанд. Тибқи бовар ва тасаввуроти инсонҳои даврони бостон ранги сурх ин рамзи хуни инсон мебошад. Гӯё хуни рехташудаи ин ё он шахси бегуноҳ ҳар сол дар шакли лолаи сурх ва гули сурх эҳё мегардидааст. Аэ ин рӯ дар фасли баҳор, хоссатан дар рӯзҳои Соли нав — Наврӯз, ба ёдбуди шахсони бегуноҳ кушташуда — шаҳидони роҳи озодӣ ва ватанхоҳони қаҳрамон дар назди мазори онҳо бо номҳои мухталиф вобаста ба айёми шукуфтани гулҳои сурх ҷашнҳо баргузор намуда, рақсу бозӣ мекунанд, таронаҳо месароянд. Тибқи ривояте, ки онро Муҳаммади Наршахӣ дар «Таърихи Бухоро» овардааст, сокинони Бухоро аз аҳди бостон то асри 9 ҳангоми баргузории Наврӯз дар назди оромгоҳи Сиёвуш хурӯс кушта, ниёиш карда, таронаҳои сӯгворӣ мехонданд. Нисбат ба ин гуфта ҷашнгузории «Гули сурх», ба андешаи муҳаққиқони мардумшинос, дар Бухоро ёде аз пос доштани хотираи Сиёвуш мебошад, ки бо фармони Афросиёб ноҷавонмардона кушта шуда буд. Умуман дар фасли баҳор ҳангоми шукуфтани гулҳои гуногун, махсусан гули сурх — лола, аз рӯи биниш ва фаҳмиши мардумони ориёӣ сайру гашт намудан, лола чидан ва баъзе маросим ва шодмониҳо созмон додан ба андешаи орифонае марбут мебошад, ки ба фано ва эҳёи табиат алоқаманд аст.
Ҷашни «Гули сурх», асосан, ҷанбаи маърифативу фарҳангӣ дошт. Шоирону нависандагон, ромишгарон, донишмандон ва мударрисон бо ҳам омада, шеърҳои баҳория мехонданд. Дар ҷашни «Гули сурх» ва ба муносибати фарорасии Наврӯз мардуми ш. Бухоро ва гирду атрофи он дар давоми як моҳ шодмонӣ мекарданд. Мардҳо алоҳида дар рӯзҳои ҷумъа ба мазори ҳазрати Баҳоваддин рафта, ҷашн баргузор менамуданд. Идгоҳи занҳои Бухоро мавзеи Чашмаи Аюб буд.
Ҷашни «Гули сурх» ё ҷашни «Сайри лола», ки дар манотиқи гуногуни тоҷикнишини Осиёи Марказӣ (Нурато, ш.-ҳои Тошканду Панҷакент, Исфараву Конибодом ва ғ.) баргузор мешуданд, бо зиёрати мазорҳои бузургворон алоқаманд аст. Мас., дар Исфара қабл аз шурӯи ҷашн ба мазори Хоҷаи Сурх рафта, дуову фотиҳа мехонданд. Сокинони Ворух дар айёми шукуфтани лолаҳо ба мазори Хӯҷаи Ғор, ки дар ғарби деҳа, дар самти чапи Исфара воқеъ буд, мерафтанд. Занҳову мардон ҷудогона ҷамъ шуда, ҳамроҳи худ палосу косаву табақ, маҳсулоти хӯрокворӣ, ки ба таври дастаҷамъӣ харида буданд, мебурданд. Як рӯзро дар ҳамон мазор гузаронида, шаб низ мехобиданд. Субҳи рӯзи дигар ба лолачинӣ мебаромаданд. Ҳар кадом гурӯҳ гулдастаи худро сохта, лолаҳоро ба шохи сафедор мебастанд ва бегоҳӣ ба деҳа бармегаштанд. Давраҳои пеш аз нооромиҳо ба Исфара аз мамолики гуногуни дунё — Туркия, Эрон, Ҳиндустон, Покистон, давлатҳои араб мардуми бисёре ташриф меоварданд. Дар Конибодом ҷашни «Гули сурх» то солҳои 20 асри 20 идома ёфтааст. Он дар мазори Хоҷа Такровут (номи дигараш Мазори Лола), ки 30-32 км ҷанубу ғарбтари Конибодом, дар наздикии чашмасорон воқеъ буд, мегузаштааст. Дар ин ҷо мардум аз деҳаҳои атроф бо палосу кӯрпа ва хӯроквориҳои харидаашон ҷамъ шуда, се рӯз ҷашн барпо мекардаанд. Дар ду рӯзи аввал гӯсфанд ё бузеро қурбон намуда, оши худоӣ медоданд ва дойрабазм меоростанд. Рӯзи дигар субҳ зуд ба лолачинӣ мебаромаданд. Ҳамин гуна ҷашни «Гули сурх»-ро мардумшиносон дар байни тоҷикони Бойсун мушоҳида кардаанд. Дар он ҷо мазори «Гули сурх» мавҷуд буда, авлоди хоҷаҳои гулисурхӣ зиндагӣ мекардаанд. Ҷашн дар рӯзи баробаршавии шабу рӯз сурат гирифта, сайругашти оммавӣ барпо мешудааст.
Ҷашни «Гули сурх» ҳоло бо тамоми шукӯҳу шаҳоматаш танҳо дар ш. Мазори Шарифи Афғонистон боқӣ мондааст, ки «ҷандаболо» ном дорад. Дар он ҷо «Гули сурх»-ро дар арафаи Наврӯз ба муддати чиҳил рӯз (аз аввали ҳамал то нимаҳои савр) таҷлил мекунанд ва парчами Наврӯзро меафрозанд. Сайри «Гули сурх»-и Мазори Шарифи Афғонистон ба хотири ёдбуду гиромидошти Ҳазрати Алӣ сурат мегирад. Созмондиҳандагони ҷашн тамоми шаҳрро озин мебанданд. Шабонгоҳон ҳазорон чароғи рангаро афрӯхта, ҳусну латофати шаҳрро садчанд афзун мекунанд. Оромгоҳи Ҳазрати Алӣ — Равзаи Шариф наврӯзгоҳи асосии шаҳр мебошад. Бинобар иттилои муаллифони гуногун, ки аз минтақаҳои мухталифи Осиёи Марказӣ сабт кардаанд, дар замонҳои қадим ҷашнҳои «Гули сурх», «Сайри лола» ва монанди инҳо ба ёди эзади табиати мирандаву эҳёшаванда барпо мешудаанд. Ин ҷашнҳо дар оғоз мазмунҳои асотирию динӣ доштаанд, аммо тадриҷан бо таъсири ташаккули тафаккури оммаи мардум ва чорчӯбаҳои мазҳабию идеологияи давр ба тағйирот дучор шудаанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гули Сурх / Р. Аҳмадов, Д. Раҳимов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Аҳмадов Р. Фолклори маросимҳои мавсимии тоҷикони Осиёи Марказӣ. Д., 2007;
- Раҳимов Д. Пайванди устураи Сиёвуш бо ҷашни Наврӯз // Нигоҳе ба ҷашнҳои миллӣ ва ойинҳои суннатии тоҷикон. Д., 2011;
- Пешерева Е. М. Праздник тюльпана (лола) в селе Исфара Кокандского уезда // В. В. Бартольд. Туркестанские друзья, ученики и почитатели. Ташкент, 1927.