Jump to content

Гулкӯрпа

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Гулкӯрпа — як навъи сӯзанӣ.

Гулкӯрпа аз нақшҳои зебо иборат буда, дар маркази он гулҳои калон (шохчаҳои доирашакл ё ситорамонанд) ва дар ҳошияаш гулҳои хурд кашидадӯзӣ мешавад. Баъзан гулкӯрпаро бо навиштаҷот ба хатти арабӣ низ оро медиҳанд. Гулкӯрпа, асосан, дар рӯи матоъи сафед ё ранга, шоҳӣ, баъзан матои духоба кашидадӯзӣ мешавад. Ин навъи гулкӯрпа дар Осиёи Марказӣ, бахусус дар Самарқанду Шаҳрисабз ва ноҳияҳои шимоли Тоҷикистон маъмул аст.