Jump to content

Гулноз

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Гулноз
Гулноз Тоҳириён
Ном ба ҳангоми таваллуд: Гулноз Тойирова
Таърихи таваллуд: 13 феврал 1973(1973-02-13) (51 сол)
Зодгоҳ: ноҳияи Масчо
Навъи фаъолият: шоир

Гулноз (Гулноз Тоҳириён; зод. 13 феврал 1973) — шоир, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2005).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Гулноз Тоҳириён 13 феврали соли 1973 дар деҳаи Хайрободи ноҳияи Масчо пой ба арсаи ҳастӣ гузоштааст. Таҳсили ибтидоиро дар мактаби миёнаи зодгоҳаш фаро гирифта, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатиро дар мактаби миёнаи № 23 зодгоҳаш оғоз карда, муддате дар рӯзномаи «Нилуфар» фаъолият бурдааст.

Ҳоло котиби масъули шуъбаи Суғди Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва мушовири илмии маҷаллаи «Паёми Суғд» мебошад.

Намунаҳои ашъори Гулноз дар китобҳои «Ашки ширин» (2003)[1], «Ғавғои сукут» (маҷмӯаи дастҷамъӣ, 2004), «Аз нигоҳ то шеър» (2005), «Парвози дунё» (2008), «Шаб дар паси ман буд» (2011), «Парандаҳои махмалӣ» (Эрон, 2020; ИМА, 2021), «Чатри наҷоти садо» (2022) ва «Коинот» (2023) интишор ёфтаанд.

Шеъри Гулноз бо сабки хос, тасвирҳои ҷолиб ва андешаву орои нодиру пурбор ороста буда, нигорандаашон дар айни авҷи камолоти эҷодист. Дар меҳвари шеъри ӯ ишқу эҳсосоти марбути он қарор гирифтаанд, ки онҳоро шоира раҳнамои ягона дар ҷодаи расидан ба мақсадҳои олии инсонӣ медонад[2].

  • Нишони фахрии ҷамъияти «Дониш»;
  • Ҷоизаи ба номи Имом Хумайнӣ (Эрон);
  • Ҷоизаи адабии Шаҳриёр (Эрон);
  • Ҷоизаи вилоятии ба номи Камоли Хуҷандӣ.[3]
  1. ШАБИ ЭҶОДИИ ГУЛНОЗИ ТОҲИРИЁН. АМИТ "Ховар" (18 июни 2009). 13 феврали 2024 санҷида шуд.
  2. ГУЛНОЗ. Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон. 13 феврали 2024 санҷида шуд.
  3. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. — Душанбе, «Адиб», 2014, — с.70 ISBN 978-99947-2-379-9