Гулхумор Саидова
Гулхумор Зинатовна Саидова | |
Таърихи таваллуд | 1 феврал 1968 (56 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Файзобод, ҶШС Тоҷикистон ИҶШС |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | филология |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои фалсафа |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Гулхумор Зинатовна Саидова (тав. 01.02.1968, н. Файзобод) — омӯзгори фанни фарҳангшиносӣ, номзади илмҳои фалсафа (2018).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Гулхумор Саидова соли 1990 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣро хатм намудааст. Солҳои 1990–2009 дар кафедраи фалсафа ва фарҳанги донишгоҳи омӯзгорӣ ба сифати ассистент кор кардааст.Солҳои 2009-2021 муаллими калон ва дотсенти кафедраи фалсафа ва фарҳанги ДДОТ ба номи С. Айнӣ ва аз соли 2021 мудири кафедраи фалсафа ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ. Муаллифи 20 мақолаҳои илмӣ ва илмию оммавӣ аст, ки дар онҳо ақидаҳои тасаввуфии Фаридуддин Аттор мавриди омӯзиш қарор дода шудааст. Дар мавзӯи Эгоизм ва алтруизм дар таълимоти ахлоқии Насириддини Тӯсӣ (аз рӯйи асари «Ахлоқи Носирӣ») рисолаи номзадӣ ҳимоя кардааст.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Энсиклопедияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 1 феврал
- Зодагони соли 1968
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Файзобод
- Номзадҳои улуми фалсафа
- Олимон аз рӯи алифбо
- Филологони Тоҷикистон
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
- Занҳо-олимаҳо