Jump to content

Гулчеҳра Ҳоҷиматова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Гулчеҳра Ҳоҷиматова
Гулчеҳра Масаидовна Ҳоҷиматова
Акс:(тасвири шахсият,фақат номи парванда)
Таърихи таваллуд 20 ноябр 1961(1961-11-20) (62 сол)
Зодгоҳ Ноҳияи Ҳамадонӣ, ҶШС Тоҷикистон ИҶШС
Фазои илмӣ филология
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои филология
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

Гулчеҳра Масаидовна Ҳоҷиматова (20.11.1961, н. Ҳамадонӣ) — доктори илми филологӣ (2011), профессор (2013).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Факултаи забон ва адабиёти руси Институти давлатии педагогии Душанберо (ҳоло ДДОТ ба номи С. Айнӣ) соли 1982 хатм намуда, дар кафедраи забони русии Институти давлатии педагогии шаҳри Кӯлоб ҳамчун муаллима фаъолияташро оғоз кардааст. Солҳои 1989-1992 аспиранти Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин, 1993-1997 мудири кафедраи забони русии Донишгоҳи давлатии педагогии шаҳри Кӯлоб, 1997-2000 докторанти ДДОТ ба номи С. Айнӣ 2000-2009, ноиби ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб буд. Аз соли 2009 мудири кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти руси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, кор кардааст.

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Таҳқиқоташ ба масоили беҳбуди таълими забони русӣ дар гурӯҳҳои ғайрирусии макотиби олии ҷумҳурӣ, такмили нутқи русии донишҷӯён, алоқаи байнифаннӣ дар дарсҳои амалии забони русӣ ва ғайра марбут аст. Сари ин масоил беш аз шаст кори илмӣ, методӣ ва илмӣ-оммавӣ ба хидмат овардааст.

  • Алоқаи байнифаннӣ дар дарсҳои амалии забони русӣ. – Д., 1996;
  • Такмили нутқи русии донишҷӯён дар дарсҳои амалии забони русӣ. – Д., 1996;
  • Машқҳои таълимӣ дар дарсҳои амалии забони русӣ барои донишҷӯёни факултаи физика. – Кӯлоб, 1999;
  • Обучение научному стилю речи студентов национальных групп. – Д., 2009;
  • Учебный толковый русско-таджикский словарь физической терминологии. – Д., 2009;
  • Научные основы обучения терминологической лексике русского языка в неязыковом вузе. – Д., 2010;
  • Научно-методические основы обучения терминологической лексики парнеязыковых факультетах: Дисс… докт. фил. наук. – Д., 2011;
  • Внеаудиторные чтение. Учебное пособие. – Д., 2012. (соавтор);
  • Методика работы с терминологической лексикой на занятиях по русскому языку в национальных группах неязыкового вуза. – Д., 2013;
  • Русский язык. Граматические задания для студентов национальных групп. – Д., 2013;
  • Методика обучения терминологической лексике (Учебно-методическое пособие). – Д., 2013;
  • Практический курс русского языка. – Д., 2013; Учебное пособие по русскому языку для студентов гуманитарных факультетов. – Д., 2014.[1]
  1. Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. – Душанбе, 2017. – 728 с.